БМТ барои мутахассисони болаёқат озмун эълон менамояд

Бойгонии ахбор
08.09.2017

БМТ барои мутахассисони болаёқат озмун эълон менамояд

БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
Барои ишғоли вазифаҳои холии зерин

ОЗМУН
ЭЪЛОН МЕНАМОЯД

Идораи назорати суғуртавӣ

I
Сардори шуъбаи иҷозатномадиҳӣ
ва бақайдгирии ташкилотҳои суғуртавӣ (1 ҷой)


Талабот ба номзад:

  • таҳсилоти олии иқтисодӣ ё ҳуқуқшиносӣ;
  • донистани санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳаҳои бонкӣ ва суғуртавӣ;
  • маҳорати баланди ибрози андеша ба тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ;
  • малакаи таҳлилӣ аз рӯи нишондиҳандаҳои иқтисодӣ ва молиявӣ;
  • дониши хуб дар соҳаи макроиқтисодиёт ва алоқамандии бахшҳои макроиқтисодӣ;
  • донистани вазъи бозори суғурта;
  • малакаи кор дар шабакаи Интернет, донистани Ms Office (аз ҷумла, Word, Excell, PowerPoint), Adobe Acrobat ҳатмӣ;
  • донистани забонҳои давлатӣ, русӣ ҳатмӣ (донистани забони англисӣ – афзалият дорад);
  • доштани собиқаи кории молиявӣ на камтар аз 10 сол, аз ҷумла дар соҳаи суғурта на камтар аз 3 сол.

II
Мутахассиси пешбари шуъбаи назорати ташкилотҳои суғуртавӣ (1 ҷой)


Талабот ба номзад:

  • таҳсилоти олии иқтисодӣ ё молиявӣ;
  • донистани санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳаҳои бонкӣ ва суғуртавӣ;
  • маҳорати кофии ибрози андеша ба тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ;
  • малакаи таҳлилӣ аз рӯи нишондиҳандаҳои иқтисодӣ ва молиявӣ;
  • дониши хуб дар соҳаи муҳосибавӣ, Стандартҳои Байналмилалии Ҳисоботҳои молиявӣ (МСФО);
  • донистани тартиби гузаронидани санҷиши амалиётҳои ташкилотҳои суғуртавӣ;
  • малакаи кор дар шабакаи Интернет, донистани Ms Office (аз ҷумла, Word, Excell, PowerPoint), Adobe Acrobat ҳатмӣ;
  • донистани забонҳои давлатӣ, русӣ ҳатмӣ (донистани забони англисӣ – афзалият дорад);
  • доштани собиқаи кории молиявӣ на камтар аз 5 сол, аз ҷумла дар соҳаи суғурта на камтар аз 2 сол.


III
Мутахассиси дараҷаи I шуъбаи назорати ташкилотҳои суғуртавӣ (1 ҷой)


Талабот ба номзад:

  • таҳсилоти олии иқтисодӣ ё молиявӣ;
  • донистани санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳаҳои бонкӣ ва суғуртавӣ;
  • маҳорати ибрози андеша ба тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ;
  • малакаи таҳлилӣ аз рӯи нишондиҳандаҳои иқтисодӣ ва молиявӣ;
  • дониши хуб дар соҳаи муҳосибавӣ, Стандартҳои Байналмилалии Ҳисоботҳои Молиявӣ (МСФО);
  • малакаи кор дар шабакаи Интернет, донистани Ms Office (аз ҷумла, Word, Excell, PowerPoint), Adobe Acrobat ҳатмӣ;
  • донистани забонҳои давлатӣ, русӣ ҳатмӣ (донистани забони англисӣ – афзалият дорад);
  • доштани собиқаи корӣ дар соҳаи суғурта ё бонк на камтар аз 3 сол.


IY
Бозраси пешбари шуъбаи назорати бонкии Шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар ш.Хуҷанд (1 ҷой)


Талабот ба номзад:

  • таҳсилоти олии иқтисодӣ ё молиявӣ;
  • донистани санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳаи бонкӣ;
  • малакаи таҳлилӣ аз рӯи нишондиҳандаҳои иқтисодӣ ва молиявӣ ;
  • донистани тартиби гузаронидани амалиётҳои бонкӣ;
  • муайян карда тавонистани хавфҳои соҳавӣ ва равандҳои осебпазир дар фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ;
  • муошират бо аҳли ҷомеа;
  • малакаи кор дар компютер, донистани Ms Office (Word, ExceII, Power Point) ҳатмӣ;
  • донистани забони давлатӣ, русӣ ҳатмӣ (донистани забони англисӣ афзалият дорад);
  • доштани собиқаи корӣ дар низоми бонкӣ афзалият дорад;


Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:


  • ариза ба номи Раиси комиссияи озмун;
  • варақа (анкета)-и баҳисобгирии корманд;
  • тарҷумаи ҳол (ҳолнома);
  • нусхаи ҳуҷҷате, ки шахсиятро тасдиқ мекунад (шиноснома);
  • нусхаи ҳуҷҷатҳои зарурии тасдиқкунандаи таҳсилоти касбӣ (диплом);
  • нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
  • маълумотномаи тиббӣ (шакли 038УЕ);
  • маълумотнома (справка-объективка);
  • маълумотнома аз ВКД оид ба надоштани доғи судӣ;
  • нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;


Ҳуҷҷатҳоро дар нишони зерин қабул менамоянд:

  • ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 107А, Идораи кормандон ва ш.Хуҷанд, кучаи К.Хуҷандӣ 168, Шуъбаи кормандон ва умури ҳуқуқӣ.
  • Барои маълумот - тел: 600-32-32; 600-31-38 (дар ш.Душанбе);   630-06-39; 630-06-57 (дар ш.Хуҷанд).
  • Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 22.09 с.2017










Возврат к списку