Таваррум тадриҷан муътадил ва ба сатҳи нишондиҳандаи мақсаднок наздик мешавад

Бойгонии ахбор
13.09.2017

Таваррум тадриҷан муътадил ва ба сатҳи нишондиҳандаи мақсаднок наздик мешавад

Пас аз болоравии нисбатан назаррас дар нимсолаи аввал сатҳи таваррум, тавре интизор мерафт, ба ҷараёни муътадили худ бармегардад. Дар моҳи августи соли ҷорӣ таваррум аз интизориҳо пасттар бо нишондиҳандаи манфии - 0,3 фоиз ҷамъбаст гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,1 банди фоизӣ кам мебошад. 

Боиси тазаккур аст, ки ин нишондиҳандаи моҳонаи таваррум дар нуҳ соли охир пасттарин ба ҳисоб рафта, асосан аз ҳисоби коҳишёбӣ ва муътадилгардии нархҳои маҳсулоти хӯрокворӣ, бахусус сабзавот дар натиҷаи ҷамъоварии ҳосили нав ва афзоиши пешниҳоди он, инчунин сиёсати фаъоли зиддитаваррумии монетарӣ, вазъи боэътидоли бозори дохилии асъор ва қурби асъор ба вуқуъ пайвастааст.

Ҳамзамон, таварруми солона дар моҳи август то ба 7,7 фоиз аз 8,9 фоизи моҳи июл поён фаромада, тадриҷан ба сатҳи нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат, ки Бонки миллии Тоҷикистон ба ҳадаф гирифтааст, наздик шуда истодааст. 

Бояд қайд намуд, ки саҳми маҳсулоти хӯрокворӣ дар таварруми солона (7,7%) ҳоло ҳам зиёд - 5,8 банди фоизиро ташкил медиҳад. Он асосан аз таъсири назарраси омилҳои мавсимӣ ва таклифотӣ, яъне коҳишёбии истеҳсол ва пешниҳоди ками маҳсулоти алоҳидаи хӯрокворӣ дар нимсолаи аввали сол вобастагӣ дорад. Қаблан, сабаби аз меъёри нишондиҳандаи мақсаднок баромадани таваррум низ маҳз омилҳои зикргардида буданд.

Аммо, дар маҷмуъ таъсири омилҳои мазкур ҳамчун равандҳои муваққатӣ ва гузаранда арзёбӣ мегарданд. Тибқи дурнамо интизор мегардад, ки дурнамои сатҳи таваррум дар соли ҷорӣ дар доираи нишондиҳандаи мақсаднок ва ҳудуди эътимоднокии 7,0% (+/-3%) ҷамъбаст хоҳад ёфт.

Бонки миллии Тоҷикистон сиёсати пулию қарзии шаффоф ва пайгиронаро амалӣ намуда истодааст, ки он тавассути истифодаи фишангҳои монетарӣ ва асъорӣ, пеш аз ҳама меъёри бозтамвил ба танзими ҳаҷму арзиши пул ва бартараф намудани таъсири фишорҳо ба сатҳи нархҳо ва ба ин васила ноил гардидан ба ҳадафи мақсадноки таваррум равона мегардад.

Дурнамои таварруми солона барои давраи миёнамуҳлат, бо %

Diagram1.jpg


Возврат к списку