Мулоқот бо ҳайати намояндагони Вазорати рушди байналмилалии Британияи Кабир

Бойгонии ахбор
13.09.2017

Мулоқот бо ҳайати намояндагони Вазорати рушди байналмилалии Британияи Кабир

12 сентябри соли ҷорӣ муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев бо аъзои лоиҳаи «Инфрасохтори шаҳрӣ ва рушди иқтисодӣ»-и Вазорати рушди байналмилалии Британияи Кабир (DFID): сармутахассиси бахши хусусӣ – ҷаноби Девид Эллиот, роҳбари гурӯҳи рушди иқтисодӣ - ҷаноби Николас Майлс ва мутахассиси банақшагирии инфрасохтори шаҳрӣ ва рушди иқтисодии DFID – хонум Зойе Грин мулоқоти корӣ анҷом дод. Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои омодасозии инфрасохтори шаҳри Душанберо ба сифати «шаҳри ҳушманд» (Smart City) дар доираи нақшаи лоиҳаи номбурда баррасӣ намуданд.

_MG_1486.JPG

Коршиноси бахши хусусии DFID ҷаноби Девид Эллиот изҳор дошт, ки Барномаи «Инфрасохтори шаҳрӣ ва рушди иқтисодӣ», ки аз ҷониби Вазорати рушди байналмилалии Британияи Кабир (DFID) маблағгузорӣ мешавад, барои рушди инфрасохтор ва иқтисоди шаҳри Душанбе нигаронида шудааст.

Муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев дар навбати худ ба муҳимияти рушди инфрасохтори пойтахт ба сифати «шаҳри ҳушманд» таваҷҷӯҳ зоҳир карда, самтҳои афзалиятноки рушди молиявӣ, аз ҷумла, роҳандозии воситаҳои муосири пардохт ва хизматрасониро бо назардошти таҷрибаи муосири ҷаҳонӣ, истифодаи иқдомҳои инноватсионӣ дар соҳаи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ (дар нуқтаҳои савдо ва нақлиёти ҷамъиятӣ), ҷорӣ кардан ва рушди интернет-банкинг, мобайл-банкинг, инчунин рушди бозори хизматрасониҳои суғурта, хусусан дар бахши иҷтимоиро таъкид намуд.

Дар рафти мулоқот инчунин имкониятҳои боз ҳам фарохтар намудани барномаи мазкур ва пайваст намудани дигар шаҳрҳои бузурги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи номбурда муҳокима гардиданд.

Дар қисмати ҷамъбастӣ қайд гардид, ки дар оянда ҷонибҳо аз тамоми имкониятҳои мавҷуда барои ҳамкориҳои мутақобилаи судманд истифода хоҳанд бурд.

Шуъбаи матбуоти БМТ


Возврат к списку