Иҷозатномаи ТАҚХ “Бунёд-М” бозхонд гардид

Бойгонии ахбор
18.09.2017

Иҷозатномаи ТАҚХ “Бунёд-М” бозхонд гардид

18 сентябри соли равон, бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон, дар асоси моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ” ва дархости ҶСП ТАҚХ “Бунёд-М” оид ба бозхонди иҷозатнома ва барҳамдиҳии ихтиёрӣ фаъолияти ташкилоти қарзии номбурда қатъ гардид. 

Мутобиқи қарори зикршуда, иҷозатномаи ҶСП ТАҚХ “Бунёд-М”, ки аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон 26 майи соли 2014, таҳти № 304 дода шудааст, аз эътибор соқит дониста шуд.

Дар асоси қарори қабулгардида, мақомоти ваколатдори ҶСП ТАҚХ “Бунёд-М” вазифадор карда шудааст, ки комиссияи барҳамдиҳӣ таъсис дода, расмиёти барҳамдиҳии ихтиёрӣ ва ҳисоббаробаркунӣ бо қарздеҳони ташкилоти қарзиро бо риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом диҳад.   

Дар навбати худ комиссияи барҳамдиҳӣ вазифадор аст, ки ба Бонки миллии Тоҷикистон ҳисоботи тавозунӣ ва дигар маълумоти заруриро пешниҳод намояд.

Шуъбаи матбуоти БМТ


Возврат к списку