ҶДММ “Суғуртаи асри 21” ба фаъолият шурӯъ намуд

Бойгонии ахбор
18.09.2017

ҶДММ “Суғуртаи асри 21” ба фаъолият шурӯъ намуд

Мутобиқи моддаи 4-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ”, моддаи 6-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” ва Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ба Бонки миллии Тоҷикистон вогузор кардани ваколати назорати суғуртавӣ” бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 18 сентябри соли 2017, ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Суғуртаи асри 21” барои амалисозии фаъолияти суғуртавӣ ба муҳлати панҷ сол иҷозатнома дода шуд.

Иҷозатномаи мазкур ба ҶДММ “Суғуртаи асри 21” ҳуқуқ медиҳад, ки аз рӯи намудҳои зерин: суғуртаи ихтиёрии пасандозҳо; суғуртаи ихтиёрии маҷмӯи таваккалҳои ҳавопаймо; суғуртаи ихтиёрии масъулияти шаҳрвандии ташкилотҳо ва иншоотҳо ҳангоми истифодаи иншооти истеҳсолии хатарнок барои расонидани зарар ба ҳаёт, саломатӣ ё молу мулки шахсони дигар ва муҳити зист ҳангоми рух додани садама дар иншооти истеҳсолии хатарнок; маҷмӯи қоидаҳои суғуртаи ихтиёрии соҳибони воситаҳои нақлиёт; суғуртаи ихтиёрии биноҳо, иншоот ва молу мулк аз сӯхтор новобаста аз шакли моликият; суғуртаи ихтиёрии кормандон аз ҳодисаҳои нохуш, ки дар корҳои барои ҳаёту саломатӣ хавфнок кор мекунанд; суғуртаи ихтиёрии мусофирони нақлиёти автомобилӣ, обӣ, ҳавоӣ ва роҳҳои оҳан дар мавриди интиқоли байналмилалӣ ва дохилидавлатӣ машғул шавад.

Шуъбаи матбуоти БМТ


Возврат к списку