Иҷозатномаҳо аз нав ба расмият дароварда шуданд

Бойгонии ахбор
18.09.2017

Иҷозатномаҳо аз нав ба расмият дароварда шуданд

18 сентябри соли 2017 бинобар сабаби тағйир ёфтани маҳали ҷойгиршавии ҶДММ “Ташкилоти суғуртавии Боварӣ”, дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ», Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ба Бонки миллии Тоҷикистон вогузор кардани ваколати назорати суғуртавӣ”, мутобиқи банди 1, моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” ва банди 1, боби 10-и Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон бо қарори навбатии худ иҷозатномаи Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Ташкилоти суғуртавии Боварӣ”-ро ҷиҳати амалисозии намудҳои суғуртаи ихтиёрӣ, ба муҳлати то 19 ноябри соли 2019 аз нав ба расмият даровард.

Худи ҳамин рӯз, бинобар анҷом ёфтани мӯҳлати амали иҷозатномаи ҶСП “Ташкилоти суғуртавии “Кафил” бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон мутобиқи Қонуни ҶТ «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ», Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ба Бонки миллии Тоҷикистон вогузор кардани ваколати назорати суғуртавӣ”, Қонуни ҶТ “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” ва Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият ба ҶСП “Ташкилоти суғуртавии “Кафил” ҷиҳати амалисозии намудҳои суғуртаи ихтиёрӣ, бо роҳи тамдид аз санаи 13 июни соли 2017 ба муҳлати панҷ сол иҷозатномаи нав дода шуд.

Иҷозатномаҳои пешинаи ҶСП “Ташкилоти суғуртавии Боварӣ”(аз санаи 19 ноябри соли 2014, №НС-07-46) ва “Ташкилоти суғуртавии “Кафил” (аз 13 июни соли 2012 таҳти № НС-07-26) беэътибор гардида, ба Идораи назорати суғуртавӣ супориш дода шуд, ки вобаста ба масъалаи мазкур маълумоти дахлдорро ба Феҳристи ягонаи давлатии иштирокчиёни касбии бозори суғурта ворид намояд.

Шуъбаи матбуоти БМТ


Возврат к списку