Таъсиси фонди қарзии хурди “Фонди бозтамвил”

Бойгонии ахбор
19.09.2017

Таъсиси фонди қарзии хурди “Фонди бозтамвил”

Бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон, 18 сентябри соли равон, дар асоси моддаи 42-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” ва моддаҳои 14, 20-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд” ба Фонди қарзии хурди “Фонди бозтамвил” барои анҷом додани додани амалиёти бонкӣ иҷозатнома дода шуд.

Мутобиқи иҷозатномаи мазкур ба Фонди қарзии хурди “Фонди бозтамвил” барои анҷом додани амалиётҳои бонкӣ, аз қабили пешниҳоди қарзҳо ба дигар ташкилотҳои қарзӣ, бастани қарордодҳои форвардӣ ва своп иҷозат дода мешавад.

Шуъбаи матбуоти БМТ


Возврат к списку