Эълон

Бойгонии ахбор
20.09.2017

Эълон

Бонки миллии Тоҷикистон


Барои сӯҳбати тахассусӣ ва минбаъд пешниҳод намудан ба аъзогии Шӯрои машваратии хизматрасонии бонкии исломӣ дар назди Бонки миллии Тоҷикистон мутахассисонро даъват менамояд:

Талабот ба номзад:

  • таҳсилоти олӣ;
  • дониши кофӣ оид ба қонунгузории бонкӣ (исломӣ) ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон, аз ҷумла вобаста ба назорату танзими фаъолияти бонкӣ ва бонкии исломӣ ва оид ба илми фиқҳи муомилот, принсипҳои маблағгузории исломӣ, тартиби анҷоми амалиётҳои маблағгузории исломӣ, тадқиқотҳои муосир дар самти рушди маблағгузории исломӣ;
  • донишу малакаи корӣ дар самти маблағгузории исломӣ бо ҳуҷҷати тасдиқкунанда (шаҳодатнома ва ғайра );
  • собиқаи корӣ дар низоми бонкӣ (афзалият дорад);
  • таҷрибаи гузаронидани тадқиқоти густурдаи масъалаҳои маблағгузории исломӣ (афзалият дорад);
  • таҷрибаи таҳлил ва тасдиқи мутобиқати хизматрасониҳои бонкии исломӣ ба принсипҳои маблағгузории исломӣ (афзалият дорад);
  • малакаи кор дар компютер - касбӣ; 
  • донистани забони давлатӣ, русӣ ва англисӣ (арабӣ афзалият дорад);
  • надоштани доғи судӣ;

Ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда шаванд:

  • ариза ба номи Раиси комиссияи озмун;
  • варақаи (анкетаи) баҳисобгирии корманд;
  • тарҷумаи ҳол (ҳолнома);
  • нусхаи ҳуҷҷате, ки шахсиятро тасдиқ мекунад (шиноснома);
  • нусхаи ҳуҷҷатҳои зарурии тасдиқкунандаи таҳсилоти олии касбӣ (диплом);
  • нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
  • маълумотнома аз ВКД оид ба надоштани доғи судӣ.

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:

ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 107А, Идораи кормандони БМТ
Барои маълумот тел: 600-32-32; 600-31-38
Нишонаи почтаи электронӣ: ozmun@nbt.tj
Ҳуҷҷатҳо ба таври хаттӣ ва электронӣ пешниҳод карда шаванд.
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 06 октябри с.2017


Возврат к списку