Ширкати Раиси Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳамоиши Бонкҳои Марказӣ

Бойгонии ахбор
25.09.2017

Ширкати Раиси Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳамоиши Бонкҳои Марказӣ

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода дар вохӯрии роҳбарони Бонкҳои Марказӣ ва мақомоти монетарии давлатҳои аъзои Созмони Конфронси Исломӣ, ки санаи 21-22 сентябри соли 2017 дар шаҳри Бодрумеи Ҷумҳурии Туркия баргузор гардид, ширкат варзид.

Дар рафти ҳамоиш, иштирокдорони ҷаласа рушди иқтисодиёти ҷаҳонӣ, таҳкими ҳамкориҳои техникӣ, мубодилаи таҷриба, ҳалли масъалаҳои рӯзмарраи бонкҳои марказӣ ва самаранок ба роҳ мондани кӯмакҳои молиявии давлатҳои аъзои Созмони Конфронси Исломиро мавриди муҳокима қарор доданд.

Rais_0.jpg

Ҷаласаи мазкур, ки соле як маротиба доир мегардад, ба давлатҳои аъзои Созмони Конфронси Исломӣ имконият фароҳам меоварад, то тағйироти иқтисодӣ ва молиявии ҷаҳониро мавриди баррасӣ қарор дода, лоиҳаи густариши минбаъдаи ҳамкориҳоро дар самтҳои гуногуни иқтисодиёт тарҳрезӣ намоянд.

Зимни сафари корӣ Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода, инчунин бо бо раиси Бонки марказииТуркия Мурат Четинкая мулоқот анҷом дод.

IMG_6571.jpg

Дар вохӯрӣ масъалаҳои тақвият бахшидани ҳамкориҳо, омӯзиши таҷриба дар самти бонкдории исломӣ, баррасии масъалаҳои баимзорасонии созишномаи своп миёни Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки марказии Туркия, кушодани суратҳисобҳои муросилотӣ, дастгирии кӯмаки техникӣ дар самти таҳия ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқии низоми бонкдории исломӣ, мусодат ба рушди муносибатҳо миёни бонкҳо (аз он ҷумла бахши хусусӣ) баррасӣ шуданд.

Шуъбаи матбуоти БМТ


Возврат к списку