Ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории байниидоравӣ

Бойгонии ахбор
27.09.2017

Ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории байниидоравӣ

25 cентябри соли 2017 дар Бонки миллии Тоҷикистон дар робита ба иҷрои бандҳои дахлдори Протоколҳои ҷаласаҳои Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва идомаи раванди ислоҳот барои беҳтар гардидани мавқеи кишвар дар ҳисоботи Бонки Ҷаҳонӣ - “Пешбурди соҳибкорӣ” барои солҳои минбаъда, ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба омода намудани лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи гарави молу мулки манқул” ва дигар қонунҳои дахлдор доир гардид.

_MG_1992.jpg

Ҷаласаи Гурӯҳи кориро Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳамидулло Машрабзода ҳусни ифтитоҳ бахшида, қайд намуд, ки Гурӯҳи кории байниидоравӣ дар натиҷаи фаъолияти самаранок чандин ҷаласаҳо, даъват ва вохуриҳо бо коршиносони байналмилалӣ баргузор намуда, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи гарави молу мулки манқул” ва дар робита ба он лоиҳаи тағйиру иловаҳои дахлдор ба қонунҳои амалкунандаи зерин, аз ҷумла Кодекси граждании ҶТ, Кодекси мурофиавии ҷиноятии ҶТ, Кодекси мурофиавии граждании ҶТ, Кодекси мурофиавии иқтисодии ҶТ, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи истеҳсолоти иҷро”, “Дар бораи иҷораи молиявӣ (лизинг)” ва “Дар бораи муфлисшавӣ”-ро дар мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор таҳия намудааст.

_MG_2046.jpg 

“Аз ин рӯ, бо мақсади боз ҳам мукаммал ва ба таври ниҳоӣ омода намудани лоиҳаи қонунҳои болозикр ҷиҳати пешниҳод ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати бори дигар баррасӣ намудани ин лоиҳаҳо бо иштироки намояндагони Раёсатҳои молия ва ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба таҳияи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Маркази миллии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аъзои Гурӯҳи кории мазкур ба миён омад”-зикр намуд Ҳ.Машрабзода.

Зимни муҳокимаи лоиҳаи қонунҳои болозикр аъзои Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба омода намудани лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи гарави молу мулки манқул” ва дигар қонунҳои дахлдор, ки ба он намояндагони Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молия, Вазорати адлия, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Суди Олии ҶТ ва Суди Олии иқтисодии ҶТ шомил мебошанд, бори дигар таклифу пешниҳодҳои худро манзур намуданд.

_MG_1966.jpg

Дар ҷамъбасти ҷаласаи корӣ қарор дода шуд, ки тағйиру иловаҳои пешниҳодшуда бори дигар бо вазорату идораҳои дахлдор мувофиқа карда шуда, сипас ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур карда шаванд.

Бояд гуфт, ки Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба омода намудани лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи гарави молу мулки манқул” ва дигар қонунҳои дахлдор тибқи супориши Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 марти соли 2015, №34107(13-2) аз ҳисоби вазорату идораҳои дахлдор бо мақсади беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва идомаи раванди ислоҳот барои беҳтар гардидани мавқеи кишвар дар ҳисоботи Бонки Ҷаҳонӣ - “Пешбурди соҳибкорӣ” барои солҳои минбаъда таъсис дода шуда, ҳамоҳангсозии ин ҷараён ба зиммаи Бонки миллии Тоҷикистон вогузор шудааст.

Шуъбаи матбуоти БМТ


Возврат к списку