БМТ барои мутахассисони болаёқат озмун эълон менамояд

Бойгонии ахбор
28.09.2017

БМТ барои мутахассисони болаёқат озмун эълон менамояд

БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
Барои ишғоли вазифаҳои холии зерин
О З М У Н
ЭЪЛОН МЕНАМОЯД


Департаменти назорати бонкӣ

Сармутахассиси шуъбаи назорати бонкдории исломӣ (1 ҷой)


Талабот ба номзад:

  • таҳсилоти олӣ;
  • ихтисос: иқтисодчӣ, муҳосибӣ, молия ва қарз, ҳуқуқшинос;
  • дониши кофӣ дар самти қонунгузории соҳаи бонкии (исломӣ) Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • дониши кофӣ дар соҳаи баҳисобгирӣ ва ҳисоботи молиявии бонкӣ;
  • донишу малакаи корӣ дар самти маблағгузории исломӣ бо ҳуҷҷати тасдиқкунанда (шаҳодатнома, диплом);
  • таҷрибаи гузаронидани тадқиқот оид ба масъалаҳои маблағгузории исломӣ (афзалият дорад);
  • малакаи хуби таҳлили хизматрасониҳои бонкии исломии мутобиқ ба принсипҳои маблағгузории исломӣ (афзалият дорад);
  • дорои малакаи фикри худро возеҳ дар шакли хаттӣ ва шифоҳӣ баён намудан;
  • дорои маҳорати таҳия ва эҷоди санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ (афзалият дорад);
  • надоштани доғи судӣ;
  • малакаи кор дар компютер (Ms Office ва ғайра) ;
  • доштани собиқаи корӣ дар низоми бонкӣ на камтар аз 5 сол;
  • донистани забонҳои давлатӣ, русӣ ва англисӣ ҳатмӣ (донистани забони арабӣ афзалият дорад.

Мутахассиси пешбари шуъбаи назорати бонкдории исломӣ (1 ҷой)


Талабот ба номзад:
  • таҳсилоти олӣ;
  • ихтисос: иқтисодчӣ, муҳосибӣ, молия ва қарз, ҳуқуқшинос;
  • дониши кофӣ дар самти қонунгузории соҳаи бонкии (исломӣ) Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • дониши кофӣ дар соҳаи баҳисобгирӣ ва ҳисоботи молиявии бонкӣ;
  • донишу малакаи корӣ дар самти маблағгузории исломӣ бо ҳуҷҷати тасдиқкунанда (шаҳодатнома, диплом);
  • таҷрибаи гузаронидани тадқиқот оид ба масъалаҳои маблағгузории исломӣ (афзалият дорад);
  • дорои малакаи фикри худро возеҳ дар шакли хаттӣ ва шифоҳӣ баён намудан;
  • надоштани доғи судӣ;
  • малакаи кор дар компютер (Ms Office ва ғайра) ;
  • доштани собиқаи корӣ дар низоми бонкӣ на камтар аз 4 сол;
  • донистани забонҳои давлатӣ, русӣ ва англисӣ ҳатмӣ (донистани забони арабӣ афзалият дорад.

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
  • ариза ба номи Раиси комиссияи озмун;
  • варақа (анкета)-и баҳисобгирии корманд;
  • тарҷумаи ҳол (ҳолнома);
  • нусхаи ҳуҷҷате, ки шахсиятро тасдиқ мекунад (шиноснома);
  • нусхаи ҳуҷҷатҳои зарурии тасдиқкунандаи таҳсилоти касбӣ (диплом);
  • нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
  • маълумотномаи тиббӣ (шакли 038УЕ);
  • маълумотнома (справка-объективка);
  • маълумотнома аз ВКД оид ба надоштани доғи судӣ;
  • нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;
Ҳуҷҷатҳоро дар нишони зерин қабул менамоянд:
ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 107А, Идораи кормандон
Барои маълумот тел: 600-32-32; 600-31-38
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 11.10. 2017




Возврат к списку