Муаррифии роҳбари нави Ҳайати ХБА дар Бонки миллӣ

Бойгонии ахбор
29.09.2017

Муаррифии роҳбари нави Ҳайати ХБА дар Бонки миллӣ

Шарҳи умумии дурнамои иқтисодӣ, таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба ва масъалаҳои дигари мавриди назари ҷонибҳо имрӯз, 28 сентябри соли 2017 дар мулоқоти Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо роҳбари тозатаъйини Ҳайати Хазинаи байналмилалии асъор оид ба Тоҷикистон хонум Падамжа Ханделвал, ки ҷаноби Пол Россро дар ин вазифа иваз кард, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар оғози мулоқот Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷ.Нурмаҳмадзода аз сатҳи ҳамкориҳои дуҷониба бо ХБА изҳори қаноатмандӣ намуда, роҳбари нави Ҳайати Хазинаи байналмилалии асъор оид ба Тоҷикистон хонум Падамжа Ханделвалро ба Тоҷикистон хайра мақдам гуфт ва барои фаъолияти минбаъдаи мавсуф дар ин вазифа муваффақият орзу намуд.

Khba_1.JPG

Зимни мулоқоти ҷонибҳо масоили пешбурди сиёсати иқтисодии давлат, вазъи феълии нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, татбиқи босамари сиёсати пулию қарзӣ, сиёсати фискалӣ, рушди бахши воқеии иқтисодиёт, таъмини суботи молиявӣ, вазъи низоми бонкии кишвар, татбиқи ислоҳот дар ин самт ва тадбирҳои пешбинишуда, зарурати сармоягузорӣ ба иқтисодиёт, аз ҷумла бахши хусусӣ ва татбиқ намудани барномаҳои якҷояи Бонки миллӣ бо Хазинаи байналмилалии асъор мавриди муҳокима қарор гирифт.

Ҳангоми суханронӣ Ҷ.Нурмаҳмадзода қайд намуд, ки бо мақсади ҳамкорӣ ва татбиқи барномаҳои минбаъда бо тавсияи Хазинаи байналмилалии асъор ба қонунгузории низоми бонкии кишвар як қатор тағйироту иловаҳо таҳия ва барои баррасӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур карда шуд. Ҷ.Нурмаҳмадзода инчунин дар хусуси интишори нахустини рейтинги давлатӣ ва барориши муваффақонаи коғазҳои киматноки давлатии кишвар (евробондхо) ба бозорҳои ҷаҳонӣ ҳамчун дастоварди нави иқтисодиёти мамлакат ва ҳамгироии он ба иқтисодиёти ҷаҳонӣ махсусан қайд намуд.

Khba_2.JPG

Дар навбати худ хонум Падамжа Ханделвал изҳор дошт, ки ХБА барои тавсеа бахшидани ҳамкорӣ дар самтҳои барои ҷониби Тоҷикистон афзалиятнок, ки дар таъмини суботи молиявии кишвар ва рушди иқтисодиёт нақши муҳим мебозанд, омода аст. Мавсуф зикр намуд, ки ХБА барои ҳамкории дуҷонибаи судманд ҷиҳати татбиқи барнома муайян намудани самтҳои афзалиятноки соҳа ба таври мушаххас аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон зарурат аст. “Дар ҳолати таҳия ва пешниҳоди ин афзалиятҳо аз рӯи нақша мо омода ҳастем, ки дар сатҳи дафтари асосии Хазинаи байналмилалии асъор онро баррасӣ намоем”, - зикр намуда хонум Падамжа Ханделвал.

Дар навбати худ Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷ.Нурмаҳмадзода самтҳои афзалиятноки ҳамкориро барои татбиқи барнома таъмини суботи молиявӣ ва мусоидат ба рушди устувори иқтисодиёт, тақвият бахшидани татбиқи сиёсати босамари монетарӣ ҷиҳати гузариш ба реҷаи нави монетарӣ – ҳадафгирии таваррумӣ, таҳким бахшидани низоми бонкӣ бо пешниҳоди хизматрасониҳои нави босифат ва барқарор кардани эътимоди аҳолӣ махсусан муҳим арзёбӣ намуд.

Khba_3.JPG

“Мо итминони комил дорем, ки сатҳи ҳамкориҳо дар соҳаҳои афзалиятноки болозикр, татбиқи барномаҳои дарозмуддат аз ҷониби ХБА барои низоми бонкии мамлакат ва дар умум ба рушди иқтисодиёти кишвар мусоидат хоҳад кард”, - зикр намуд Ҷ.Нурмаҳмадзода.

Дар мулоқоти корӣ инчунин Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев, Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ, намояндаи Тоҷикистон дар ХБА Илҳом Раҷабов ва роҳбарони дахлдори воҳидҳои сохтории Бонки миллии Тоҷикистон ширкат варзида, бо ҳайати ХБА дар хусуси моддаи IV Созишномаи Хазинаи байналмилалии асъор, ҳамкории бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон ва ИМА дар самти кушодани суратҳисобҳои муросилотӣ, таҳияи нақшаи мушаххас барои татбиқи барнома аз ҷониби ХБА, дастгирии низоми бонкӣ ибрози назар намуданд.

Шуъбаи матбуоти БМТ


Возврат к списку