Мулоқоти Ҷ.Нуралиев бо Ҳайати Бонки Рушди АврОсиё

Бойгонии ахбор
03.10.2017

Мулоқоти Ҷ.Нуралиев бо Ҳайати Бонки Рушди АврОсиё

Масоили рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи судманди байни Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки Рушди АврОсиё имрӯз, 2 октябри соли 2017 зимни мулоқоти Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев ва сариқтисодчӣ, аъзои Раёсати Бонки Рушди АврОсиё Лисоволик Ярослав мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

BRO_1.JPG

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо ба масоили мубрами рӯз, аз ҷумла самтҳои афзалиятноки рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, имкониятҳои ҳамкории Бонки Рушди АврОсиё ва Бонки миллии Тоҷикистонро дар таҳияи Барномаҳои рушди иқтисодӣ, шарҳу таҳлилҳо оид ба самтҳои гуногуни иқтисодиёт, ташкили форум, конфронс ва ҷаласаҳои гурӯҳҳои корӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, барои ба роҳ мондани ҳамкориҳои сифатан нави судманд омодагии худро баён намуданд.

Дар навбати худ иқтисодчии калон, аъзои Раёсати Бонки Рушди АврОсиё Лисоволик Ярослав ба сухан баромада, оид ба мақсад, вазифа, ҳайати кормандон, шарҳи нашрҳои охирони гурӯҳ ва самтҳои асосии фаъолияти Бонки Рушди АврОсиё маълумоти мухтасар пешниҳод намуда, аз тавсеа ёфтани ҳамкории дуҷониба дар самтҳои гуногуни иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла низоми бонкӣ изҳори қаноатмандӣ намуд.

BRO_2.JPG

Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев ба ҳамкорӣ дар таҳияи моделҳои макроиқтисодӣ бо мақсади тақвият бахшидани татбиқи сиёсати босамари монетарӣ дар реҷаи нави монетарӣ – ҳадафгирии таваррумӣ, таҳияи моделҳо дар самти ҳадафгирии таваррумӣ, таҳияи моделҳо оид ба омода намудани дурнамои таваррумӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус таҳияи модели эконометрикии DSGE (Dynamic Stochastic General Equilibrium) таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд. Аз ҷумла дар рафти вохӯрӣ роҳбарони воҳидҳои сохтории масъулро барои ҳамкорӣ намудан дар ин самт бо ҳайати Бонки Рушди АврОсиё вазифадор намуд.

Дар ҷамъбасти вохӯрӣ, ки дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ доир гардид, ҷонибҳо барои тақвият бахшидани ҳамкорӣ дар самти таҳияи моделҳо оид ба дурнамои таваррумӣ, ҳадафгирии таваррумӣ ва самтҳои барои иқтисодиёти Тоҷикистон афзалиятнок ибрози андеша намуда, ҳарду ҷониб омодагии хешро баён намуданд.

BRO_3.JPG

Боиси тазаккур аст, ки дар мулоқоти мазкур Директори Намояндагии Бонки Рушди АврОсиё дар Тоҷикистон Рашид Қодиров ва роҳбарони сохторҳои дахлдори БМТ иштирок ва муҳокимаронӣ намуданд.

Бонки Рушди АврОсиё ташкилоти байналмилалии молиявӣ буда, ба он Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон шомил мебошанд. Намояндагии Бонки Рушди АврОсиё дар Ҷумҳурии Тоҷикистон октябри соли 2009 бо мақсади таҳким бахшидани муносибатҳои шарикӣ дар соҳаи сармоягузорӣ, таҳия ва татбиқ намудани лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва ғ. таъсис дода шудааст.

Шуъбаи матбуоти
БМТ


Возврат к списку