Баррасии лоиҳаи “Баланд бардоштани рақобатнокии бахши хусусӣ”

Бойгонии ахбор
04.10.2017

Баррасии лоиҳаи “Баланд бардоштани рақобатнокии бахши хусусӣ”

3 октябри соли 2017 ҷаласаи корӣ ҷиҳати муҳокимаи татбиқи қисмати 4 “Беҳтар намудани инфрасохтори молиявӣ”-и лоиҳаи грантии Бонки Ҷаҳонӣ “Баланд бардоштани рақобатнокии бахши хусусӣ” баргузор гардид.

Ҷаласаро Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода ҳусни ифтитоҳ бахшида, аз манфиатовар будани лоиҳаи мазкур ба рушди иқтисодиёти кишвар махсусан қайд кард. “Дар доираи лоиҳаи зикргардида навкунии инфрасохтори низоми пардохти Бонки миллии Тоҷикистон, мукаммал намудани фаъолияти назорати бонкӣ бо роҳи такмил додани санадҳои меёрии ҳуқуқӣ дар ин самт ва иқтидори низомҳои иттилоотӣ дар бахши назорати бонкӣ ба нақша гирифта шудааст”, - зикр намуд Ҷ.Нурмаҳмадзода.  

1.jpg

Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳамидулло Машрабзода дар навбати худ компонентҳои татбиқ намудани лоиҳаи мазкурро зина ба зина муаррифӣ намуда, оид ба мушкилоти мавҷуда барои татбиқи он ва ҷузъиётҳо маълумоти мухтасар пешниҳод намуд.

Дар татбиқи Лоиҳаи грантии Бонки Ҷаҳонӣ Бонки миллии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор мебошанд. Аз ин рӯ, дар ҷаласаи Гурӯҳи корӣ Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Файзиддин Қаҳҳорзода ва муовини Раиси Кумита Нигина Анварӣ, муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев, муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳамидулло Машрабзода, Ҳайати Бонки ҷаҳонӣ-масъули лоиҳа Мадина Нурматова, Зарина Одинаева, Наргис Почоева ва роҳбарони воҳидҳои сохтории Бонки миллии Тоҷикистон ширкат варзида, дар муҳокимаи татбиқи минбаъдаи лоиҳа оид ба “Баланд бардоштани рақобатнокии бахши хусусӣ”, иҷрои талаботҳо ҷиҳати мутобиқ намудани заминаи меъёрии ҳуқуқӣ ширкат варзиданд.

2.jpg

Дар ҷамъбасти муҳокима Роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон барои ҳарчи зудтар иҷро намудани талаботҳои лоиҳа дар ҳамоҳангӣ, аз масъулини вазорату идораҳои дахлдор даъват ба амал овард. Таъкид карда шуд, ки барои муҳайё намудани шароити мусоид ҷиҳати татбиқи компонентҳои лоиҳа дар муҳлатҳои муқарраргардида аз ҷониби мақомоти масъул тадбирҳои саривақтӣ ва бетаъхир андешида шаванд. 

3.jpg

Ёдовар мешавем, ки барои татбиқи лоиҳаи Бонки ҷаҳонӣ “Баланд бардоштани рақобатнокии бахши хусусӣ” Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки миллии Тоҷикистон ҷалб шудаанд.



Шуъбаи матбуоти БМТ


Возврат к списку