Шарҳи моҳонаи таваррум барои моҳи августи соли 2017

Бойгонии ахбор
04.10.2017

Шарҳи моҳонаи таваррум барои моҳи августи соли 2017

Тавре ки интизор гардида буд, дар моҳи августи соли равон сатҳи таварруми солона нисбат ба моҳи июл (8,9%) ба андозаи назаррас поён рафта, ба 7,7 фоиз баробар шуд. Ҳамзамон, бо арзёбии моҳона таваррум бо нишондоди манфӣ ҷамъбаст гардида, -0,3%-ро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин моҳи соли гузаша 1,1 б.ф. кам мебошад. Қайд кардан ба маврид аст, ки ин нишондиҳанда дар муқоиса ба чанд соли охир пасттарин ба ҳисоб меравад.

Омилҳои асосии таъсиррасон ба коҳишёбии сатҳи таваррум аз муътадилгардии нархҳои маҳсулоти хӯрокворӣ, бахусус сабзавот дар натиҷаи ҷамъоварии ҳосили нав ва афзоиши пешниҳоди он, инчунин сиёсати фоизии зиддитаваррумии монетарӣ, вазъи боэътидоли бозори дохилии асъор ва қурби асъор иборат буданд. 

Пуёи афзоиши гурӯҳи нархҳои истеъмолӣ нишон медиҳад, ки саҳми маҳсулоти ғайрихурокворӣ ва хизматрасониҳо дар таварруми ҳосилшуда тамоюли муқаррарии худро чун давраҳои пешин идома дода, саҳми маҳсулоти хӯрокворӣ бошад, аз ҳисоби таъсири назарраси омили таклифот ва ба мувозинат омадани бозори дохилӣ, ки чанде пеш вобаста ба коҳишёбии истеҳсол ва пешниҳоди ками маҳсулоти алоҳидаи хӯрокворӣ болоравии сатҳи нархҳо боис гардида буд, раванди коҳишёбӣ дошт.

 Шарҳи бештар: Шарҳи моҳонаи таваррум барои моҳи августи соли 2017

 Департаменти сиёсати монетарӣ, тадқиқотӣ ва рушд


Возврат к списку