Пешвои миллат ва рушду таҳкими забони давлатӣ

Бойгонии ахбор
05.10.2017

Пешвои миллат ва рушду таҳкими забони давлатӣ

Бахшида ба таҷлили Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 4-уми октябри соли 2017 бо иштироки Роҳбарият ва кормандони Дастгоҳи марказии Бонки миллии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Rais.JPG

Баъд аз табрикоти Роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон дар чорабинӣ,  сардори шуъбаи тарҷумаи Дастгоҳи роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон,  узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илми филология Мирзоҳасан Султонов суханронӣ карда, нахуст ҳозиронро  бо ҷашни Рӯзи забони давлатӣ табрику таҳният гуфта, дар фаъолияти ҳамарӯзаашон комёбиҳо таманно намуд. Зимни суханронӣ Мирзоҳасан Султонов изҳор дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустини ба мақоми роҳбарӣ расидан, тақдири давлату миллат ва забони давлатиро бо ҳам тавъам шумурда, бақои давлатро дар паноҳи забон ва забонро дар паноҳи давлат эълом дошт.

Zabon_1.JPG

- Метавон гуфт, бо ин иқдоми созанда ва барқарории сулҳу субот дар ҷомеаи Тоҷикистон ва бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди ҷомеаи озоди демократӣ ва давлати миллӣ камари ҳиммат бастани мардуми тоҷик забони давлатӣ ба марҳилаи нави рушди худ ворид гардид.

Сухани ноб ва ширину шевои тоҷикӣ бори нахуст дар баландтарин минбарҳои ҷаҳон аз забони Пешвои миллат садо дод ва ба ҷаҳониён аз ҳастии давлату миллати тоҷик мужда расонд. Танини забони модарӣ ва забони офаридаҳои Рӯдакию Фирдавсӣ, Ибни Синову Берунӣ, Носири Хусраву Умари Хайём, Саъдию Мавлоно, Ҷомию Аҳмади Дониш, Айнию Турсунзода ва дигарон дар ақсои олам аз эҳёи дигарбораи забону фарҳанги ҳазорсолаи тоҷикон дарак дод.

Zabon_2.JPG

Ҷилваи забони модарӣ дар суханрониҳо ва силсилаи мақолаҳои Пешвои миллат завқи забондонию забономӯзиро дар дили хурду калон, пиру барно бедор кард. Дар қалби кӯчаки кӯдакону наврасон шуълаи тобноки муҳаббати самимона ба забони модарӣ фурӯзон шуд ва дигар муҳол аст, ки боду борони рӯзгорон ин шуълаи муҳаббату самимиятро хомӯш гардонад.

Бо шарофати сиёсати забонгустарӣ ва иқдомҳои пайдарпайи Пешвои миллат дар ин замина забони модарӣ ҷойгоҳи аслии худро дар миёни ҳамаи қишрҳои ҷомеа, дар ҳамаи донишгоҳу донишкадаҳо, дар тамоми идораву вазоратхонаҳо ва корхонаву муассисаҳо пайдо намуд ва дар мақоми шоиставу боистаи худ ҷой гирифт. Дар натиҷаи чунин сиёсат тадриҷан сатҳи забондонии аҳли ҷомеа боло рафта, забони матбуот ва дигар воситаҳои ахбор беҳтар ва симои лавҳаву овезаҳои шаҳру деҳот ба куллӣ дигаргун шуд.

Ин нукта низ шоистаи таъкид аст, ки устоди зиндаёд Муҳаммадҷони Шакурӣ ба заҳматҳои Пешвои миллат баҳои баланд дода, кору пайкори эшонро бо талошҳои устод Айнӣ, ки дар даҳаи сӣ ва чили асри бист барои аз осебҳо раҳо кардани забони тоҷикӣ мубориза мекард ва шогирдону пайравонаш талошҳои ӯро идома доданд, қиёс намуда, гуфта буд: “Талошҳои Айнӣ ва пайравони ӯ ранги хусусӣ дошт, талоши шахсӣ буд. Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон он талошҳои хусусии Айнӣ ва пайравонашро ба сатҳи давлатӣ бардоштанд”.

Дар хотима, иштирокдорони дигари ҷамъомад низ аз аҳамияти рушду такомули забони давлатӣ ва таваҷҷуҳи махсус ба он суханронӣ намуда, изҳор доштанд, ки забони адабии тоҷикӣ дар Тоҷикистон дар тафовут аз забони омиёна ҳамеша омили муттаҳидкунанда ва ваҳдати давлату миллат ба ҳисоб меравад.


Шуъбаи матбуоти
БМТ


Возврат к списку