Иҷозатномаи ҶДММ ТҚХ “Орифи шаҳри Ваҳдат” ва ҶДММ ТҚХ “Яб” бозхонд гардид

Бойгонии ахбор
04.10.2017

Иҷозатномаи ҶДММ ТҚХ “Орифи шаҳри Ваҳдат” ва ҶДММ ТҚХ “Яб” бозхонд гардид

Бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 4 октябри соли 2017 дар асоси моддаи 26 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд” ва моддаҳои 10-12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ” фаъолияти ҶДММ ТҚХ “Орифи шаҳри Ваҳдат” қатъ карда шуд. 

Инчунин, бо қарори дигари Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 4 октябри соли 2017, мутобиқи моддаи 26 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд” ва моддаҳои 8,9 ва 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ” иҷозатномаи ҶДММ ТҚХ “Яб”, ки бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 4 феврали соли 2013, таҳти №7 дода шудааст, бозхонд карда шуд.

Ҷанбаҳои дигари фаъолияти ташкилотҳои зикргардида дар асоси қарори қабулгардида аз ҷониби масъулини Бонки миллии Тоҷикистон дар доираи қонунгузории амалкунанда омӯхта ва баррасӣ карда мешаванд.


Шуъбаи матбуоти
БМТ


Возврат к списку