БМТ: Озмун эълон менамояд

Бойгонии ахбор
09.10.2017

БМТ: Озмун эълон менамояд

БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

Барои ишғоли вазифаҳои  холии зерин

О З М У Н

ЭЪЛОН МЕНАМОЯД

Департаменти технологияҳои иттилоотӣ

Сармутахассиси шуъбаи коркард ва пешбурди барномаҳо (1 ҷой)

  

Талабот ба номзад:

  • таҳсилоти олии техникӣ ё соҳаҳои марбут ба технологияҳои иттилоотӣ (IT);
  • таҷрибаи корӣ дар лоиҳаҳои амалигардонии низоми автоматишудаи бонкӣ;
  • таҷрибаи корӣ вобаста ба омода ва идоракунии низомҳои пойгоҳҳои маълумотӣ (Oracle,  MS SQL ва дигарҳо) ;
  • донистани яке аз забонҳои барномасозии муосир (Java, C#, PHP, Javascript, Python ва дигарҳо) ;
  • қобилияти хуби таҳлил намудани маълумотҳо, таҳияи хулосаву тавсияҳо;
  • донистани забонҳои давлатӣ, русӣ ва англисӣ ҳатмӣ.

 

Сармутахассиси Бахши дастгирии техникии SWIFT (1 ҷой)

  

Талабот ба номзад:

  • таҳсилоти олии техникӣ ё соҳаҳои марбут ба технологияҳои иттилоотӣ (IT);
  • доштани таҷрибаи корӣ  оид ба насб, танзим ва идорасозии барномаҳо дар низомҳои амалиётии Unix ва  Microsoft Windows;
  • таҷрибаи корӣ дар тарҳрезии шабакаи компютерӣ, муайян намудан ва бартараф сохтани нуқсонҳо дар он ;
  • донистани стандарти ISO/IES 20022 афзалият дорад;
  • қобилияти хуби таҳлил намудани маълумотҳо, таҳияи хулосаву тавсияҳо;
  • донистани забонҳои давлатӣ, русӣ ва англисӣ ҳатмӣ.

 

Мутахассиси пешбари шуъбаи хизматрасонии барномавию техникӣ (1 ҷой)

  

Талабот ба номзад:

  • таҳсилоти олии техникӣ ё соҳаҳои марбут ба технологияҳои иттилоотӣ (IT);
  • доштани таҷрибаи корӣ  дар муайян намудани нуқсонҳои таҷҳизоти компютерӣ, чопкунӣ, телекоммуникатсионӣ ва бартараф намудани онҳо;
  • таҷрибаи корӣ  оид ба ташкили шабакаи компютерӣ (LAN, Wi – Fi) ;
  • таҷрибаи корӣ бо таҷҳизоти телефонӣ (АТС) афзалият дорад;
  • доштани маълумот оиди ҷузъиёти электронии таҷҳизоти компютерӣ (тарзи кори микросхемаҳо ва ғайра);
  • донистани низомҳои амалиётии  Microsoft Windows , барномаҳои офисӣ, таҷҳизоти периферӣ (насб, танзим ва ғайра);
  • донистани забонҳои давлатӣ ва  русӣ ҳатмӣ, донистани забони англисӣ афзалият дорад.

 

Мутахассиси дараҷаи I Шуъбаи маъмурияти низомҳои иттилоотӣ (1 ҷой)

  

Талабот ба номзад:

  • таҳсилоти олии техникӣ ё соҳаҳои марбут ба технологияҳои иттилоотӣ (IT);
  • доштани таҷрибаи корӣ  дар лоиҳаҳои амалигардонии Низоми автоматишудаи бонкӣ;
  • таҷрибаи корӣ  оид ба  насб ва маъмурии низомҳои амалиётии Microsoft Windows Server, UNIX, Linux ва хадамотҳои онҳо;
  • донистани тарзи кори протоколҳои шабакавӣ;
  • таҷрибаи корӣ  оид ба низомҳои маҷозӣ (виртуализатсия);
  • таҷрибаи корӣ бо барномаҳои зиддивирусӣ, экранҳои байнишабакавӣ (Firewall) ва низомҳои пешгирии ҳуҷумҳои шабакавӣ (IDS, IPS)
  • донистани забонҳои давлатӣ ва  русӣ ҳатмӣ, донистани забони англисӣ афзалият дорад.


 

 

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

  • ариза ба номи Раиси комиссияи озмун;
  • варақа (анкета)-и баҳисобгирии корманд;
  • тарҷумаи ҳол (ҳолнома);
  • 4 дона расм (андоза 3 x 4)
  • нусхаи ҳуҷҷате, ки шахсиятро тасдиқ мекунад (шиноснома);
  • нусхаи ҳуҷҷатҳои зарурии тасдиқкунандаи таҳсилоти касбӣ (диплом);
  • нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
  • маълумотномаи тиббӣ (шакли 038УЕ);
  • маълумотнома (справка-объективка);
  • маълумотнома аз ВКД оид ба надоштани доғи судӣ;
  • нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;

Ҳуҷҷатҳоро дар нишони зерин қабул менамоянд:

ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 107А, Идораи кормандон

Барои маълумот  тел:  600-32-32; 600-31-38

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо  то  24.10. 2017

Возврат к списку