Мулоқоти Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев бо Ҳайати таҳлилгарони молиявии Фаронса

Бойгонии ахбор
09.10.2017

Мулоқоти Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев бо Ҳайати таҳлилгарони молиявии Фаронса

9 октябри соли 2017 Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев Ҳайати таҳлилгарони молиявии минтақавии Намояндагии иқтисодии назди Сафорати Ҷумҳурии Фаронса дар Федератсияи Русия ҷаноби Сирил Низар –Атташе оид ба масъалаҳои молиявӣ (Сафорати Фаронса дар Федератсияи Русия) ва ҷаноби Ронан Ванес - Роҳбари намояндагии иқтисодӣ оид ба Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон (Сафорати Фаронса дар Қазоқистон) - ро ба ҳузур пазируфт.

Faronsa_1.jpg

Дар оғози мулоқот Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев меҳмононро хайрамақдам гуфта, оид ба вазъи макроиқтисодию молиявӣ, сиёсати монетарӣ ва қурбӣ, идоракунии захираҳои байналмилалӣ, суботи молиявӣ ва низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти муфассал пешниҳод намуд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаи аз нав эҳё намудани ҳамкории мутақобилан судмандро бо Бонки де Франс, ҳамкорӣ дар самти муносибатҳои муросилотӣ байни бонкҳои тиҷоратии Фаронса ва Тоҷикистон, ҷалби кӯмаки техникӣ дар доираи такмил додани сиёсати монетарӣ бо роҳи гузаштан ба ҳадафгирии таваррумӣ, мубодилаи таҷрибаи мутахассисони ду кишвар дар низоми бонкӣ ва масъалаҳои дигари низом мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор доданд.

Faronsa_2.jpg

Ҷамолиддин Нуралиев аз таҷрибаи хуби ҳамкории шарикӣ байни Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки де Франс, ки ҳанӯз соли 1999 тибқи Шартномаи ҳамкории баимзорасида бо Институти бонкдорию молиявии байналхалқии Бонки Фаронса то соли 2007 идома ёфт ва дар ин муддат кормандони Бонки миллии Тоҷикистон тавонистанд савияи дониши тахассусии худро такмил диҳанд, ёдовар шуда, изҳор дошт: “Умедворем, ки ин ҳамкории мутақобилан судманд дар самти такмили ихтисоси кормандони низоми бонкӣ бо Бонки де Франс аз нав ба роҳ монда хоҳад шуд”.

Дар навбати худ ҷаноби Сирил Низар ва Ронан Ванес изҳор доштанд, ки барои тавсеа бахшидани ҳамкорӣ дар бахши молия, аз ҷумла низоми бонкӣ, инчунин барои иштирок дар курсҳои омӯзишӣ ҷиҳати табодули таҷриба дар мавзӯъҳои барои Бонки миллии Тоҷикистон афзалиятнок мусоидат хоҳанд кард.

Faronsa_3.jpg

Дар ҷамъбаст, Ҷамолиддин Нуралиев таваҷҷуҳи Ҳайати таҳлилгарони молиявии минтақавии Фаронсаро ба масъалаи кӯмаки техникӣ дар самти табодули таҷриба ва ташкили курсҳои омӯзишӣ барои мутахассисони Бонки миллии Тоҷикистон дар Бонки де Франс ва институтҳои дигари молиявӣ, мусоидат дар таҳияи моделҳо ҷиҳати гузаштан ба ҳадафгирии таваррумӣ, ҳамкорӣ дар татбиқи лоиҳаҳои шарикӣ равона намуда, барои дар якҷоягӣ фароҳам овардани фазои мусоиди ҳамкорӣ даъват ба амал овард.

Шуъбаи матбуоти БМТ


Возврат к списку