ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” ба фаъолият шурӯъ намуд

Бойгонии ахбор
10.10.2017

ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” ба фаъолият шурӯъ намуд

Мутобиқи моддаи 42-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” ва моддаҳои 7, 10-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти бонкӣ” ва бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 10 октябри соли 2017, таҳти №138 ба Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Коммерсбонки Тоҷикистон” барои анҷом додани амалиёти бонкӣ бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ иҷозатнома дода шуд.

Иҷозатномаро ба роҳбарияти ҶСК "Коммерсбонки Тоҷикистон"  Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ супорида, аз номи Роҳбарияти БМТ барори кору муваффақият орзу намуд.

IMG_3046-1.jpg 

Бояд қайд кард, ки Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Коммерсбонки Тоҷикистон” тариқи табдилдиҳӣ дар заминаи ҶДММ ТАҚХ “Фардо” таъсис дода шуда, муассисони он шаҳрвандони кишвар ба шумор мераванд.

IMG_3098-2.jpg

Иҷозатномаи ҶДММ ТАҚХ “Фардо” барои иҷрои амалиёти бонкӣ бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ, ки аз 23 июни соли 2016 дода шудааст, бинобар табдилёбӣ ба бонк аз эътибор соқит дониста шуд.

Номи Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Коммерсбонки Тоҷикистон” дар Феҳристи ташкилотҳои қарзӣ ва Маълумотномаи “Рамзҳои мушаххаси бонкии ташкилотҳои қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дохил карда мешавад.

Шуъбаи матбуоти БМТ


Возврат к списку