Ташрифи Намояндагии Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ ба Бонки миллии Тоҷикистон

Бойгонии ахбор
12.10.2017

Ташрифи Намояндагии Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ ба Бонки миллии Тоҷикистон

11 октябри соли 2017 дар Бонки миллии Тоҷикистон мулоқоти дуҷониба бо Намояндагии Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ баргузор гардид. Машварати кориро аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон – Муовини якуми Раис Ҷамолиддин Нуралиев ва аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо – Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ Петер Буриан роҳбаладӣ намуданд.

1.jpg

Дар оғози мулоқот Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев иштирокчиёни вохӯриро бо вазъи макроиқтисодӣ ва молиявии ҷумҳурӣ, вазъи низоми бонкӣ ва татбиқи ислоҳот дар соҳа, бахусус дар самти такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, татбиқи сиёсати босамари монетарӣ, таъмини суботи молиявӣ ва низоми пардохт ошно намуд. Зикр гардид, ки барои боз ҳам таҳким бахшидани раванди ислоҳот дар низом ва бахши молиявӣ, зарурати ислоҳот ҷиҳати таъмини фазои мусоиди фаъолият мавҷуд аст, ки барои татбиқи он дастгирии шарикони ҳамкор ҷойгоҳи муҳим дорад.

2c.jpg

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои тавсеа бахшидани ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт, гидроэнергетика, низоми бонкӣ, аз ҷумла рафъи мушкилоти низом, рушди соҳибкории хурду миёна тавассути ҷалби сармоягузориро баррасӣ намуданд. 

Дар навбати худ, Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо Петер Буриан оид ба муносибат ва барномаи Хазинаи байналмилалии асъор, дар амал татбиқ намудани Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то соли 2030, ҳамкорӣ ва кӯмаки Иттиҳоди Аврупо ба низоми бонкии кишвар тавассути татбиқи барномаҳои грантӣ, мусоидат намудан ба фазои сармоягузорӣ, дастгирии низоми бонкӣ, инчунин вазъи макроиқтисодӣ ва шароити корӣ сухан ронда, омодагии хешро барои ҳамкорӣ дар самтҳои болозикр изҳор намуд. 

3a.jpg

Дар хотимаи вохӯрӣ Ҷамолиддин Нуралиев қайд намуд, ки Бонки миллии Тоҷикистон барои ҳамкорӣ омодагии ҳамаҷонибаи худро баён намуда, аз намояндагии Иттиҳоди Аврупо барои тавсеа бахшидани ҳамкориҳои судманд барои дастгирӣ ва татбиқи барномаҳои грантӣ ҷиҳати рушди низоми бонкии кишвар даъват ба амал овард. 

Мулоқоти корӣ бо намояндагони Иттиҳоди Аврупо дар фазои мусоиди ҳамдигарфаҳмӣ доир гардида, ҷонибҳо дар самтҳои муҳимми иқтисодиёт муколамаи пурмуҳтаво доир намуданд. Бояд қайд кард, ки дар мулоқот ҳамчунин Сафир, роҳбари намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Хидает Бискевич, сардори Шуъбаи Осиёи Марказӣ оид ба корҳои хориҷӣ Тойво Клаар, сардори Шуъбаи ҳамкории Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Маче Мадалински ва шахси масъули ҳамкориҳои хориҷии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Роланд Хонекамп, инчунин роҳбарони воҳидҳои сохтории Бонки миллии Тоҷикистон ширкат варзиданд.

Шуъбаи матбуоти БМТ


Возврат к списку