Вусъат додани заминаҳои ҳадафгирии таваррум

Бойгонии ахбор
13.10.2017

Вусъат додани заминаҳои ҳадафгирии таваррум

Дар доираи кӯмаки техникии Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд барои татбиқи лоиҳаи “Рушди бозори дохилии сармоя - вусъат додани заминаҳои ҳадафгирии таваррум” аз 9 то 12 октябри соли 2017 ба Бонки миллии Тоҷикистон коршинос - намояндаи OGResearch Давид Вавра ва мутахассис оид ба робита бо ҷомеа - сардори Шуъбаи матбуоти Бонки миллии Украина Елена Снежко ташриф оварданд.  

1-press.JPG

Дар доираи лоиҳаи мазкур коршиносон бо мутахассисони Департаменти сиёсати монетарӣ, тадқиқотӣ ва рушд ва Шуъбаи матбуот оид ба масоили ташкил ва таҳкими стратегияи самараноки робита бо ҷомеа, шаффофият ва раванди ахборотдиҳӣ дар самти сиёсати пулию қарзӣ, ки яке аз рукнҳои асосии ҳадафгирии таваррум маҳсуб меёбад, табодули назар намуданд.

2-press.JPG

Коршиносон татбиқи пайвастаи ислоҳоти сохтории нав дар самти васеъ намудани имкониятҳои сиёсати монетарӣ ва фишангҳои нави муосири доимоамалкунандаи амалиётии қарзҳои шабонарӯзӣ (овернайт), қарзҳои рӯзона (интрадей) ва музоядаҳои қарзӣ, ки барои гузариши ботадриҷ ба реҷаи муосири пулию қарзӣ - ҳадафгирии таваррум заминаи мусоид фароҳам меоварад, мусбат арзёбӣ намуданд.

Инчунин, аз ҷониби коршиносон барои вусъат додани дараҷаи таъсирбахшии фишангҳои монетарӣ, баровардани қарор ва ба ҷомеа расонидани дурнамо ва шарҳу таҳлилҳои дақиқ тавсияҳо пешниҳод шуданд.

Шуъбаи матбуоти БМТ


Возврат к списку