БМТ: Озмун эълон менамояд

Бойгонии ахбор
17.10.2017

БМТ: Озмун эълон менамояд

БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

Барои ишғоли вазифаҳои  холии зерин

О З М У Н

ЭЪЛОН МЕНАМОЯД

Департаменти аудити дохилӣ

Аудитори шуъбаи ташкил ва ҷамъбасти фаъолияти аудиторӣ (1 ҷой)

Талабот ба номзад:

  • таҳсилот: олии  иқтисодӣ ё молиявӣ;
  • донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи бонкӣ;
  • маҳорати баланди ибрози андеша ба тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ ;
  • донистани  стандартҳои аудити дохилӣ ва стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ афзалият дорад ;
  • малакаи кор дар компютер, донистани MS Office- (Word, Excel,  Powеr Point) - ҳатмӣ;
  • донистани забонҳои давлатӣ, русӣ ва англисӣ ҳатмӣ;
  • доштани таҷрибаи кории 3-сола дар соҳаи бонкӣ ё дар ширкатҳои аудиторӣ.

  Аудитори бахши аудити технологияҳои иттилоотӣ (1 ҷой)

   Талабот ба номзад:

  • таҳсилот: олии  иқтисодӣ, техникӣ ё соҳаҳои марбут ба технологияҳои иттилоотӣ;
  • доштани таҷрибаи корӣ дар соҳаи технологияи иттилоотии бонкӣ (маъмурикунонии низомҳои иттилоотӣ);
  • донистану фаҳмидани моҳияти COBIT,  COSO,  ITIL ва ғайра – афзалият дорад;
  • донистани забонҳои давлатӣ ва русӣ – ҳатмӣ, донистани забони англисӣ – афзалият дорад;
  • доштани таҷрибаи кории 3-солаи соҳаи технологияҳои иттилоотӣ дар бахшҳои аудити дохилӣ ё берунӣ – афзалият дорад.

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

  • ариза ба номи Раиси комиссияи озмун;
  • варақа (анкета)-и баҳисобгирии корманд;
  • тарҷумаи ҳол (ҳолнома);
  • 4 дона расм (андоза 3 x 4)
  • нусхаи ҳуҷҷате, ки шахсиятро тасдиқ мекунад (шиноснома);
  • нусхаи ҳуҷҷатҳои зарурии тасдиқкунандаи таҳсилоти касбӣ (диплом);
  • нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
  • маълумотномаи тиббӣ (шакли 038УЕ);
  • маълумотнома (справка-объективка);
  • маълумотнома аз ВКД оид ба надоштани доғи судӣ;
  • нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;

Ҳуҷҷатҳоро дар нишони зерин қабул менамоянд:

ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 107А, Идораи кормандон

Барои маълумот  тел:  600-32-32; 600-31-38

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо  то  30.10. 2017


Возврат к списку