Бозиҳои дӯстона оид ба баскетбол

Бойгонии ахбор
17.10.2017

Бозиҳои дӯстона оид ба баскетбол

Санаи 16-уми октябри соли 2017 бахшида ба “Соли ҷавонон”, байни кормандони Бонки миллии Тоҷикистон ва Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бозии рафиқона оид ба баскетбол баргузор гардид. 

01.jpg

Дар мусобиқаи мазкур, ки дар толори Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои гӯштин -“Манеж” доир гардид, дастаи баскетболбозони Бонки миллии Тоҷикистон бар дастаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳисоби 79:70 ғолибият ба даст оварданд. 

02.jpg

Ҳадаф аз баргузории чорабинии мазкур ташвиқу тарғиб намудани тарзи ҳаёти солим байни кормандони Бонки миллии Тоҷикистон ва Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ба ин васила таваҷҷуҳ ба беҳдошти саломатӣ, машғулиятҳои ҷисмонӣ ва намудҳои гуногуни варзиш, таҳкими дӯстӣ ва ҳамкорӣ бештар мегардад.

9675-03.jpg


9709-04.jpg


Шуъбаи матбуоти БМТ


Возврат к списку