Дастгирии ташаббусҳои созандаи занҳо дар низоми бонкӣ

Бойгонии ахбор
23.10.2017

Дастгирии ташаббусҳои созандаи занҳо дар низоми бонкӣ

(Ҷавоб ба саволи хабарнигори Радиои “Озодӣ”  Мумин Аҳмадӣ)


Бонки миллии Тоҷикистон дар як ҳисоботаш гуфтааст, ки ба хотири баланд шудани мавқеи зан дар низоми бонкӣ дар қиёс ба соли гузашта шумораи кормандони зан дар бонкҳо ва ташкилотҳои қарзӣ афзоиш ёфтааст. Аз ҷумла, дар дастгоҳи марказии бонк Шӯрои бонувон иборат аз панҷ нафар таъсис ёфтааст.  Ҳадаф аз афзоиш додани шумораи занҳо дар бонкҳо ва бештар таъин кардани онҳо дар вазифаҳои хазиначиҳо ва ҳисобчиҳо дар чист? 

Қайд намудан зарур аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи дастгирии занону духтарон аҳамияти аввалиндараҷа дода, ин иқдомро ба яке аз самтҳои муҳимми сиёсати иҷтимоии давлат табдил додааст.

Дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти хизматҳои арзандаи занону духтарон дар таъмин ва ҳифзи манфиатҳои ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёд пешниҳод намуданд, ки ҷалби занону духтарон ба кор дар муассисаҳои низоми бонкӣ, хадамоти алоқа, шуғл ва дигар бахшҳои хизматрасонӣ бештар гардонида шавад, то ки дар ин сохторҳо низому тартиботи кор боз ҳам тақвият ёбад.

Мақсади пешниҳод ба хотири он буд, ки дар оянда аз нерӯи созандаи бонувону духтарон боз ҳам бештар истифода бурда, ба амалӣ гардидани ташаббусҳои онҳо мусоидат намоем.
Зеро дар мавриди сиёсати гендерӣ Ҳукумат ҳамеша ҷонибдори ибтикороти занону духтарон аст ва онҳоро ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд. Ҳоло дар кишвари мо имконият фароҳам оварда шудааст, ки занон дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷомеа баробари мардон ширкати бевосита ва фаъол дошта бошанд.

Дар ин самт як қатор санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ амалӣ шуда истодаанд, ки аз манфиатҳои духтарону бонувон ҳимоя менамоянд ва барои амалӣ шудани ташаббусҳои шоистаи онҳо заминаи воқеӣ фароҳам меоранд.

Илова бар ин, маълумотҳои пешниҳоднамудаи мақомоти қудратӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар аксарияти мавридҳо нисбати риояи қонунгузорӣ занҳо масъулияти бештар доранд.

Аз ин рӯ, бо мақсади пешгирӣ намудани қонуншиканиҳо, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, бо кор таъмин намудани занҳо дар ташкилотҳои қарзӣ, махсусан дар марказҳои хизматрасонии бонкӣ, хазинаҳо ва шуъбаҳои муҳосиботӣ мувофиқи мақсад мебошад.

Ин иқдом дар навбати худ ба вусъат бахшидани фаъолияти бонкӣ ва беҳтар гаштани сатҳу сифати хизматрасониҳои молиявию бонкӣ беш аз пеш мусоидат менамояд.

Бояд тазаккур дод, ки дар нуҳ моҳи соли 2017 аз шумораи умумии кормандони бонкҳои ҷумҳурӣ 5286 нафарро бонувон ташкил медиҳанд. Ба ибораи дигар, вазни қиёсии бонувон дар ҳайати умумии кормандони бахши бонкӣ дар интиҳои семоҳаи сеюми соли 2017 32,0 фоизро ташкил дод. Аз шумораи умумии бонувон миқдори бонувони роҳбарикунанда дар нуҳ моҳи соли 2017 теъдоди 11,1 фоизро ташкил намуд.

Бонки миллии Тоҷикистон дар оянда низ ҳангоми интихобу ҷобаҷогузории кадрҳо ва қабули кормандон ба занону духтарони кордону болаёқат ва соҳибмаърифат афзалияти бештар хоҳад дод.

Шуъбаи матбуоти БМТ



Возврат к списку