Дарси маърифати молиявӣ барои толибилмон

Бойгонии ахбор
26.10.2017

Дарси маърифати молиявӣ барои толибилмон

25-уми октябри соли 2017 Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳамоҳангӣ бо Фонди хазинаи амонатӣ ва муносибатҳои байналмилалии Олмон дар доираи ҳафтаи байналмилалии молиявӣ дар Осорхонаи Бонки миллии Тоҷикистон ба толибилмони синфҳои болоии мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №21-и шаҳри Душанбе ҷиҳати шиносоӣ бо Осорхонаи Бонки миллии Тоҷикистон машғулияти омӯзишии молиявӣ баргузор намуд. 

00001.jpg 

Дар оғози чорабинии мазкур, сардори Идораи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявии Бонки миллии Тоҷикистон Рукмина Сафарова ба наврасон дар бораи аҳамият ва зарурати азбар намудани донишҳои молиявӣ сухан ронда, зикр намуд, ки ҳамасола дар саросари кишварҳои ҷаҳон нимаи дуюми моҳи октябр чорабинии “Ҳафтаи байналмилалии пасандоз”, ҷиҳати баланд бардоштани маърифати молиявии аҳолӣ, аз ҷумла ҷавонону наврасон, қайд карда мешавад. Боиси дастгирист, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон чорабинии мазкурро соли дуввум аст, ки ҷашн мегирад.

Бо мақсади баланд бардоштани завқи наврасон ва ҷавонон дар омӯзиши донишҳои молиявӣ Бонки миллии Тоҷикистон, низ дар якчоягӣ бо Фонди хазинаҳои амонатгузорӣ оид ба ҳамкориҳои байналмилалии Олмон ва бонкҳои тиҷоратии кишвар дар гузаронидани чорабинии мазкур фаъолона ширкат меварзанд.

00002.jpg

Дар баробари доир намудани машғулиятҳои интерактивӣ (инфиродӣ) ба толибилмон оид ба нигораҳои Осорхонаи Бонки миллии Тоҷикистон, таърихи пайдоиши пули миллӣ, хусусият ва арзиши миллӣ будани он маълумоти мухтасар дода шуд. Толибилмон дар баробари тамошои нигораҳои таърихӣ, аз ҷумла сикка ва дирҳамҳои марҳилаҳои гуногуни таърихӣ шинос шуда, бо як шавқи хоса ва таваҷҷуҳи зиёд ба нақлҳои масъули Осорхонаи Бонки миллии Тоҷикистон, таърихшинос Салмон Ҷамолов гӯш доданд. Дар ҷамъбасти машғулият хонандагон ба суолҳои худ ҷавобҳои мушаххас гирифта, ба онҳо китобчаҳо оид ба таърихи пули миллӣ ва нигораҳои Осорхонаи Бонк миллии Тоҷикистон, ки барои ғанӣ гардонидани дониши молиявии толибилмон мусоидат менамояд, тақдим гардид.

Боиси тазаккур аст, ки ҳадаф аз баргузории чорабинии мазкур, ин пеш аз ҳама мусоидат намудан ба баланд гардидани сатҳи саводнокии молиявии шаҳрвандони ҷумҳурӣ, новобаста ба кадом қишри ҷомеа мансуб будани шунавандагон мебошад.

00003.jpg

Қобили қайд аст, ки дар доираи ҳамкорӣ Бонки миллии Тоҷикистон бо Фонди хазинаи амонатӣ ва муносибатҳои байналмилалии Олмон ва дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам барои муаллимони мактабҳои миёна тренингу семинарҳо ва барои хонандагон бозиҳои таълимии интерактивӣ таҳти унвони “Пасандоз” баргузор мегарданд.


Шуъбаи матбуоти БМТ


Возврат к списку