Дурнамои ҳамкорӣ: Бонки ҷаҳонӣ ва Бонки миллии Тоҷикистон

Бойгонии ахбор
27.10.2017

Дурнамои ҳамкорӣ: Бонки ҷаҳонӣ ва Бонки миллии Тоҷикистон

26 октябри соли 2017 дар Бонки миллии Тоҷикистон Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев бо Намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ян Петер Олтерс, ки ӯро Ҳамоҳангсози Барнома оид ба Осиёи Марказӣ Саша Джумен, Роҳбари лоиҳа/сармутахассис оид ба рушди иҷтимоӣ Роберт Вробел ҳамроҳӣ мекарданд, бо мақсади баррасии масъалаҳои ҳамкории Бонки ҷаҳонӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи дурнамои Стратегияи ҳамкорӣ барои солҳои 2019-2023 мулоқоти корӣ доир намуд.

IMG_0045-1.jpg

Дар идома, аз ҷониби Намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ян Петер Олтерс муаррифинома дар мавзӯи “Тоҷикистон-дар дуроҳаи рукуд ва рушди фарогир” манзури ҳозирин гардид. Дар маъруза назари Бонки ҷаҳонӣ оид ба нишондиҳандаҳои асосии иқтисодиёти Тоҷикистон, рушди имкониятҳои минбаъдаи соҳаҳои Тоҷикистон, аз ҷумла саноат, захираҳои об ва гидроэнергетика, саноати маъданӣ, кишоварзӣ ва туризм, дастрасӣ ба бозорҳои минтақавӣ маълумот дода шуд. Дар баробари ин, зимни муаррифӣ нишондиҳандаҳои асосии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, коҳиш ёфтани мафҳуми диверсификатсия ва рушди бахши хусусӣ, муътадилии ноустувор миёни буҳрон ва рушд, маҳдудияти ҷуғрофӣ ва алоқа, имкониятҳои истифоданашуда қайд карда шуд. Ҳамчунин дар муаррифиномаи Бонки ҷаҳонӣ дурнамои имконпазири рушд барои солҳои минбаъда ва пешбурди сиёсати фискалӣ, рушди бахши хусусӣ, ҳамгироии минтақавӣ махсусан қайд гардиданд. 

IMG_0027-2.jpg

Баъд аз анҷоми муаррифинома, ки дар он кормандони соҳавии Бонки миллии Тоҷикистон низ ширкат варзиданд, оид ба мундариҷаи муаррифинома ва коршиносони Бонки ҷаҳонӣ оид ба ҳолати иқтисодии кишвар табодули назар намуданд. Аз ҷумла, Муовини якуми Раиси БМТ Ҷамолиддин Нуралиев ба сухан баромада, пешбинӣ намудани лоиҳаҳо дар бахшҳои молия, низоми бонкӣ, аз ҷумла суғурта, инчунин зарурати вусъат додани ҳамгироӣ дар бозорҳои минтақаро махсусан қайд намуд.

IMG_0045-4.jpg

Вобаста ба ин Ҷамолиддин Нуралиев пешниҳоди ҷадид намуд, ки таҳлили амиқи имкониятҳои амалӣ намудани чунин робитаҳои иқтисодии судманд, аз ҷумла дар шакли тарҳрезии Созишнома оид ба савдои озод дар Осиёи Миёна ва ё Осиёи Ҷанубӣ хеле аҳамиятнок буда, он барои таъмини рушди минбаъдаи иқтисодиёти кишварҳои минтақа ва Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард. Чунин платформаи ҳамкорӣ имконият медиҳад, ки кишварҳои минтақа дар доираи бартарияти муқоисавии худ (сравнительные преимущества) силсилаи ҳамкории арзишҳои иловагии воситаҳои худро ҷиҳати самаранок намудани муносибатҳои иқтисодии худ баҳрабардорӣ намоянд.

IMG_0019-3.jpg

Дар ҷамъбаст, Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев аз намояндагии Бонки ҷаҳонӣ барои баррасӣ намудани муаррифӣ дар доираи мутахассисони соҳа ва дар ҳамкорӣ бо Бонки миллии Тоҷикистонро хуш пазируфта, идомаи чунин иқдомро дар оянда низ қобили дастгирӣ донист.

Шуъбаи матбуоти
БМТ


Возврат к списку