Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо Юха Кяхконен

Бойгонии ахбор
27.10.2017

Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо Юха Кяхконен

26 октябри соли 2017 Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев бо муовини Директори Департаменти Хазинаи Байналмилалии Асъор оид ба кишварҳои Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ ҷаноби Юха Кяхконен, ки ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи шонздаҳуми Конфронси вазирони Барномаи ҳамкориҳои иқтисодии Осиёи Марказӣ (СAREC) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, мулоқоти корӣ анҷом дод. 

IMG_0419-1.jpg

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо доир ба баррасии ҳисоботи Хазинаи Байналмилалии Асъор (ХБА) дар доираи моддаи IV-и натиҷаҳои гуфтушунидҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (2017 Article 4 Consultation) дар Шӯрои иҷроияи ХБА, ки таърихи 3 ноябри сол 2017 баргузор мегардад, муҳокимарониҳо намуда, зарурати таҳияи барномаи нави сесолаи ХБА ва шартҳои аввалиндараҷаро дар доираи барномаи нави мазкур, инчунин масъалаҳои ҳамкорӣ ва пешниҳоди кӯмаки техникии ХБА-ро дар Барномаи баҳодиҳии бахши молиявии навбатӣ (FSAP) дархост намуданд.

0000002.jpg

Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев ҷаноби Юха Кяхконенро бо вазъи кунунии низоми бонкии ҷумҳурӣ, натиҷаҳои ислоҳот ва иҷроиши шартҳои пешакӣ барои татбиқи барномаи нави ХБА шинос намуданд. Баҳри бартараф намудани таъсири буҳрони молиявӣ ва дар амал татбиқ намудани ислоҳоти пешбинишуда, бартарафсозии мушкилиҳои асосӣ ва мусоидат ба ислоҳоти сохторӣ, бахусус дар бахши иқтисод, молия ва низоми бонкӣ зарурати қабули барномаи нави ХБА барои Тоҷикистонро (Барномаи охирин соли 2009-2012 амалӣ шудааст) муҳим арзёбӣ карда шуд.

Дар навбати худ, Муовини Директори Департаменти ХБА оид ба кишварҳои Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ ҷаноби Юха Кяхконен барои идомаи ҳамкории босамар ва ҳар чӣ зудтар мусоидат намудан дар тасвиби барномаи нави се солаи ХБА барои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Механизми васеи қарздиҳӣ омодаги ХБА-ро изҳор намуд. 

00000003.jpg

Зимни вохӯрӣ ҳамзамон дигар масъалаҳои низоми бонкӣ, аз ҷумла ислоҳоти татбиқшуда ва минбаъдаро дар низоми бонкии ҷумҳурӣ баҳри беҳбуд бахшидани низоми бонкӣ, муҳокима намудани ҳисоботҳои ширкатҳои машваратии “Alvarez & Marsal LLC” нисбати бонкҳои мушкилдор - ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” ва ҶСК “Агроинвестбонк”, васеъ намудани имкониятҳои сиёсати монетарӣ ва фишангҳои муосир, ки барои гузариши ботадриҷ ба реҷаи муосири пулию қарзӣ – ҳадафгирии таваррум мусоидат менамояд, баррасӣ гардиданд.

Қобили қайд аст, ки дар мулоқоти мазкур инчунин Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ, намояндаи Хазинаи Байналмилалии Асъор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Юрий Соболев ва дигар роҳбарони воҳидҳои сохтории БМТ иштирок доштанд.

Шуъбаи матбуоти БМТ


Возврат к списку