Фаъолияти ҶСП ТҚХ «Дурнамои деҳоти Рӯдакӣ» ва ҶДММ ТҚХ “Фермер” қатъ карда шуд

Бойгонии ахбор
31.10.2017

Фаъолияти ҶСП ТҚХ «Дурнамои деҳоти Рӯдакӣ» ва ҶДММ ТҚХ “Фермер” қатъ карда шуд

Бо қарорҳои навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 30 октябри соли 2017 таҳти №143-144 дар асоси моддаи 26-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд” ва моддаҳои 10-12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ” бинобар оғози расмиёти барҳамдиҳӣ ҶСП ТҚХ «Дурнамои деҳоти Рӯдакӣ» ва ҶДММ ТҚХ “Фермер” қатъ карда шуданд.

Дар асоси қарорҳои зикршуда иҷозатномаҳои ҶСП ТҚХ «Дурнамои деҳоти Рӯдакӣ» ва ҶДММ ТҚХ “Фермер”, ки аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон барои анҷом додани амалиётҳои бонкӣ дода шудааст, бозхонд карда шуданд.

Ҷанбаҳои дигари фаъолияти ташкилотҳои мазкур дар асоси қарорҳои қабулгардида аз ҷониби масъулини Бонки миллии Тоҷикистон омӯхта ва баррасӣ карда мешаванд.

Шуъбаи матбуоти БМТ


Возврат к списку