БМТ: Озмун эълон менамояд

Бойгонии ахбор
31.10.2017

БМТ: Озмун эълон менамояд

БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
барои ишғоли вазифаҳои холии зерин

О З М У Н
ЭЪЛОН МЕНАМОЯД
Департаменти мониторинги молиявӣ

I
Сардори шуъбаи коркарди иттилоот (1 ҷой)


Талабот ба номзад:

  • маълумоти олии техникӣ;
  • таҷрибаи корӣ вобаста ба ихтисос на камтар аз 5 сол;
  • таҷрибаи корӣ вобаста ба омода ва идоракунии низомҳои пойгоҳҳои маълумотӣ на камтар аз 5 сол (Oracle, MS SQL ва дигарҳо);
  • донистани забонҳои барномасозӣ Java, C#, PHP, Javascript, Python ва дигарҳо;
  • қобилияти хуби таҳлилнамоии маълумотҳо, таҳияи хулосаву тавсияҳо;
  • донистани забони давлатӣ, русӣ ва англисӣ ҳатмӣ.
Бояд донад:
  • Қонунҳо ва санадҳои меъёрие, ки аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм қабул шудаанд, санадҳои меъёрии Бонки миллии Тоҷикистон, донистани тавсияҳои ФАТФ ва типологияҳои байналмилалӣ дар соҳаи мазкур, қонунгузории идоракунии фаъолияти шахсони ҳисоботдиҳанда, фаъолияти бонкӣ ва молиявӣ.

II
Мутахассиси пешбари шуъбаи тахлилу тадқиқот (1 ҷой)


Талабот ба номзад:

  • маълумоти олии иқтисодӣ;
  • малакаи кор дар компютер (MS Office , Internet), системаҳои идоракунии пойгоҳи маълумот (Oracle, MS SQL ва дигарҳо);
  • қобилияти хуби таҳлилнамоии маълумотҳо, таҳияи хулосаву тавсияҳо;
  • таҷрибаи корӣ вобаста ба ихтисос на камтар аз 3 сол;
  • донистани забони давлатӣ, русӣ ва англисӣ ҳатмӣ.
Бояд донад:
  • Қонунҳо ва санадҳои меъёрие, ки аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм қабул шудаанд, санадҳои меъёрии Бонки миллии Тоҷикистон, донистани тавсияҳои ФАТФ ва типологияҳои байналмилалӣ дар соҳаи мазкур, асосҳои иқтисодиёт ва таҳлили иқтисодӣ, қонунгузории идоракунии фаъолияти шахсони ҳисоботдиҳанда, фаъолияти ҳисобдорӣ, фаъолияти бонкӣ ва молиявӣ.

III
Мутахассиси шуъбаи тахлилу тадкикот (1 ҷой шартномавӣ)

Талабот ба номзад:

  • маълумоти олии иқтисодӣ;
  • малакаи кор дар компютер (MS Office , Internet), системаҳои идоракунии пойгоҳи маълумот (Oracle, MS SQL ва дигарҳо);
  • қобилияти хуби таҳлилнамоии маълумотҳо, таҳияи хулосаву тавсияҳо;
  • донистани забони давлатӣ, русӣ ва англисӣ ҳатмӣ.
Бояд донад:
  • Қонунҳо ва санадҳои меъёрие, ки аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм қабул шудаанд, санадҳои меъёрии Бонки миллии Тоҷикистон, донистани тавсияҳои ФАТФ ва типологияҳои байналмилалӣ дар соҳаи мазкур, асосҳои иқтисодиёт ва таҳлили иқтисодӣ, қонунгузории идоракунии фаъолияти шахсони ҳисоботдиҳанда, фаъолияти ҳисобдорӣ, фаъолияти бонкӣ ва молиявӣ.
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
  • ариза ба номи Раиси комиссияи озмун;
  • маълумотнома (справка-объективка);
  • варақа (анкета)-и баҳисобгирии корманд;
  • тарҷумаи ҳол (ҳолнома);
  • расм 4 дона андозаи 3x4;
  • нусхаи ҳуҷҷате, ки шахсиятро тасдиқ мекунад (шиноснома);
  • нусхаи ҳуҷҷатҳои зарурии тасдиқкунандаи таҳсилоти касбӣ (диплом);
  • нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
  • маълумотномаи тиббӣ (шакли 038УЕ);
  • маълумотнома аз ВКД оид ба надоштани доғи судӣ;
  • нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН).
Ҳуҷҷатҳоро дар нишони зерин қабул менамоянд:
  • ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 107А, Идораи кормандон
  • Барои маълумот - тел: 600-32-32; 600-31-38
  • Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 13.11 с.2017


Возврат к списку