Ташрифи Раиси Бонки Марказии Қатар Шайх Абдулло ибни Сауд Оли Сонӣ ба Бонки миллии Тоҷикистон

Бойгонии ахбор
01.11.2017

Ташрифи Раиси Бонки Марказии Қатар Шайх Абдулло ибни Сауд Оли Сонӣ ба Бонки миллии Тоҷикистон

1 ноябри соли 2017 ҳайати Бонки Марказии Қатар таҳти сарварии Раиси Бонки Марказии Қатар Шайх Абдулло ибни Сауд Оли Сонӣ, ки бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор доштанд, ба Бонки миллии Тоҷикистон ташриф оварданд.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода ташрифи меҳмонони олиқадрро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, чунин иброз дошт: ”Ташрифи Шумо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯйдоди муҳим буда, аз тақвияти рушди хамкориҳо дар сатҳи нав миёни низомҳои молиявии кишварҳоямон шаҳодат медиҳад. Ин мулоқот идомаи гуфтушунидҳо ва натиҷаҳоест, ки дар рафти сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 6-уми феврали соли ҷорӣ ба Қатар ба даст омадаанд. Бояд махсус қайд намоям, ки дар доираи ин сафари расмӣ 8 ҳуҷҷат оид ба ҳамкорӣ миёни давлатҳои мо, аз ҷумла Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкории бонкӣ ба имзо расид”.

IMG_1585-1.JPG

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода изҳори умед намуд, ки тақвияти муносибатҳо байни Давлати Қатар ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди тиҷорати дуҷониба ва ҷалби сармоя дар ду кишвар такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.

Зимни мулоқот зикр гардид, ки низоми бонкии исломӣ дар бозори ҷаҳонӣ мавқеи намоёнро ишғол намуда, ба худ доираи васеи истеъмолкунандагони хизматрасонии бонкиро ҷалб намудааст, аз ин рӯ таваҷҷуҳ ба аҳдҳое, ки дар асоси принсипҳои маблағгузории исломӣ асос ёфтаанд, дар мамлакат афзоиш ёфта истодааст.

IMG_1592-2.JPG

Дар робита ба ин Ҷамшед Нурмаҳмадзода изҳор дошт, ки Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ (кишварҳои собиқ Шӯравӣ) якумин ва ягона кишварест, ки қонуни алоҳидаи соҳавиро соли 2014 оид ба фаъолияти бонкии исломӣ қабул намудааст. Бонки миллии Тоҷикистон бо Бонки Исломии Рушд ва мушовирони байналмилалӣ дар самти таҳияи заминаи меъёрии ҳуқуқии роҳандозии принсипҳои маблағгузории исломӣ ва кушодани институтҳои қарзии исломӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона хамкорӣ дорад.

Вобаста ба ин, Раиси БМТ Ҷамшед Нурмаҳмадзода ташаббуси бонкҳои пешқадами исломиро аз кишварҳои Шарқи Наздик, аз ҷумла Давлати Қатарро дар бораи кушодани филиалҳояшон дар Тоҷикистон ва хоҳиши иштирок намудани онҳоро дар сармояи оинномавии бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон  қобили дастгирӣ арзёбӣ намуд.

IMG_1457-3.JPG

Раиси Бонки Марказии Қатар Шайх Абдулло ибни Сауд Оли Сонӣ дар навбати худ, аз ҷорӣ намудани низоми бонкдории исломӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори хушнудӣ намуда, аз ҷумла қайд кард, ки Бонки Марказии Қатар омода аст бо истифода аз имкониятҳои сармоягузорӣ дар бахшҳои иқтисодиёти ҷумҳурӣ, аз ҷумла низоми бонкӣ ҳамкориҳои судмандро дар сатҳи сифатан нав ба роҳ монад. Шайх Абдулло ибни Сауд Оли Сонӣ ҳамзамон иброз дошт, ки Бонки миллии Тоҷикистон метавонад бо истифода аз мутахассисони соҳибтаҷрибаи Қатар барои кормандони низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳҳои наздиктарин семинарҳо ва машғулиятҳои омӯзиширо дар самтҳои гуногун, аз қабили ташкил намудани машваратҳои дучониба, семинарҳо ва боздидҳои омӯзишӣ дар доираи барномаҳои таҷрибаомӯзӣ дар самти ҷорӣ намудани принсипҳо ва стандартҳои исломӣ, сирри маълумотӣ ва пардохтҳои ғайринақдӣ ба роҳ монад.

IMG_1623-4.JPG

“Бо итминони комил метавонам бигӯям, ки Бонки Марказии Қатар омода аст, минбаъд низ барои беҳдошти вазъи низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯмаки худро дар доираи Ёддошти тафоҳум идома дода, яке аз шарикони боэътимоди Бонки миллии Тоҷикистон қарор гирад”, - зикр намуд Раиси Бонки Марказии Қатар Шайх Абдулло ибни Сауд Оли Сонӣ.

Дар идомаи мулоқот ҷонибҳо аз он изҳори умед намуданд, ки ин гуна вохӯриҳо ба таҳкиму тақвияти минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд такони ҷиддӣ бахшида, барои дастоварду муваффақиятҳои нав имкониятҳои хуб фароҳам хоҳад овард.

Дар интиҳо Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода омодагии хешро ҷиҳати тақвият бахшидани ҳамкорӣ бо Бонки Марказии Қатар дар доираи Ёддошти тафоҳум, бахусус дар самти ташкил намудани машваратҳои дуҷониба, семинарҳо ва боздидҳои омӯзишӣ дар доираи барномаҳои табодули таҷриба дар самти ҷорӣ намудани принсипҳо ва стандартҳои исломӣ ва инчунин кӯмак барои ҷудо намудани мушовир дар давраи дарозмуддат барои ба роҳ мондани кори Шӯрои машваратии хизматрасонии бонкии исломии назди БМТ иброз намуд.

IMG_1675-5.JPG

Дар мулоқоти Роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон бо Ҳайати Бонки Марказии Қатар инчунин Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев, директори Департаменти суботи молиявӣ ва омори Бонки Марказии Қатар Шайх Халид Сауд Оли Сонӣ, директори Департаменти муносибатҳои байналмилалӣ ва матбуоти Бонки Марказии Қатар ҷаноби Абдулло Ал-Джайда, директори Департаменти равобити ҷамъиятӣ ва ташрифоти Бонки Марказии Қатар ҷаноби Аҳмад Алӣ Халаф Аҳмад, Раиси Гурӯҳи “Масраф Ал Раян” ҷаноби Адел Мустафавӣ, Раиси Бонки Исломии байналмилаии Қатар ҷаноби Абдулбасит Ал Шайбей, Сафири Сафорати Давлатии Қатар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Алӣ ибни Муборак ал-Муханади, Консули Сафорати Давлатии Қатар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Гоним Сайф ал-Хаярин ва сардорони воҳидҳои сохтории Бонки миллии Тоҷикистон ширкат варзиданд.


Шуъбаи матбуоти БМТ


Возврат к списку