Ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Бонки Марказии Қатар дар сатҳи нав

Бойгонии ахбор
02.11.2017

Ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Бонки Марказии Қатар дар сатҳи нав

1 ноябри соли 2017 дар Бонки миллии Тоҷикистон вохӯрии Ҳайати расмии Бонки Марказии Қатар таҳти роҳбарии Раиси Бонки Марказии Қатар Шайх Абдулло ибни Сауд Оли Сонӣ дар доираи сафари кории худ бо роҳбарони ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ мулоқоти корӣ анҷом дод.

vokhuri-1.JPG

Ҳайати расмии Бонки Марказии Қатарро Роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон - Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода, Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев, Муовинони Раиси БМТ Лола Салимова ва Ҳамидулло Машрабзода мавриди пешвоз ва муаррифӣ қарор доданд.

Дар оғози мулоқоти корӣ Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода Ҳайати расмии Бонки Марказии Қатарро ба Бонки миллӣ хайрамақдам гуфта, ташрифи ҳайатро рӯйдоди муҳим ва заминаи нави мусоид барои тақвият бахшидани рушди хамкориҳо дар сатҳи нав миёни низомҳои молиявии ҳарду кишвар, ки аз сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Қатар маншаъ мегирад, арзёбӣ намуд.

vokhuri-2.JPG

Раиси Бонки Марказии Қатар Шайх Абдулло ибни Сауд Оли Сонӣ зимни суҳбат иброз дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад тавассути ташкили низоми бонкдории исломӣ ҳамкориҳоро бо сармоягузорони кишварҳои араб вусъат бахшад. Аз ҷумла, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон ҳаст дар ҳамбастагӣ бо сармоягузорони Қатар бонкҳои исломӣ ташкил карда шавад.

Шайх Абдулло ибни Сауд Оли Сонӣ зимни вохӯрӣ аз таҷрибаи Бонки Марказии Қатар дар даврони буҳрони молиявӣ сухан карда, истифодаи чунин фишангҳоро ба монанди андешидани чораҳои танзимкунанда, аз қабили муассир намудани сиёсати монетарӣ тавассути бозори коғазҳои қиматнок, ташкили Кумита оид ба устувории молиявӣ ва таҳким бахшидани бахши суғурта барои таъмини субот дар низоми бонкӣ махсусан қайд намуд. Раиси Бонки Марказии Қатар бо камоли майл изҳор дошт, ки дар ин самт омода аст бо Бонки миллии Тоҷикистон ҳамкорӣ намуда, барои табодули таҷриба намудани мутахассисони Бонки миллӣ имконияти мусоид фароҳам оварад. Ҳамзамон, бо мақсади тақвият бахшидани ҳамкорӣ дар доираи Ёддошти тафоҳум, Шайх Абдулло ибни Сауд Оли Сонӣ баргузор намудани Форуми якҷояи соҳибкорону сармоягузорон ва ташкилотҳои қарзӣ бо ширкати ду ҷониб дар моҳҳои 4-5 уми соли 2018 пешниҳод намуд.

vokhuri-3.JPG

Дар навбати худ, роҳбарони як қатор бонкҳои тиҷоратӣ қайд намуданд, ки мутахассисони онҳо то андозае дар ҷодаи истифодаи усулу воситаи татбиқи низоми бонкдории исломӣ таҷриба андӯхтаанд ва дар маҷмуъ пешниҳодҳои Раиси Бонки Марказии Қатарро дастгирӣ намуда, ба ҳамкории ҳамаҷониба омодаанд.

Дар ҷараёни мулоқот намояндагони ҶСП “Казкоммертсбонк”, ҶСП “Спитаменбонк”, ҶДММ ТАҚХ “Алиф-Сармоя” ва дигар ташкилотҳои қарзӣ оид ба танзими молиявӣ ва пешгирии хавфҳо, истифодаи технологияи муосир ва комёбиҳои дар муҳлати начандон зиёд ба даст овардаи ташкилотҳои худ бо истифода аз баъзе аз хусусиятҳои бонкдории исломӣ ба иштирокдорон муаррифӣ (презентатсия) пешниҳод намуданд. Муаррифиномаҳо аз ҷониби Ҳайати Бонки Марказии Қатар хеле хуб арзёбӣ гаштанд, зеро истифодаи технологияҳои муосир дар рушди хизматрасониҳои бонкӣ муҳим мебошад.

vokhuri-4.JPG

Дар анҷоми вохӯри ташкилотҳои қарзӣ бо Ҳайати Бонки Марказии Қатар Шайх Абдулло ибни Сауд Оли Сонӣ ба роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон барои ташкили вохӯриҳо ва меҳмондорӣ изҳори миннатдорӣ кард. Дар баробари ин таъсиси Маркази ҳамоҳангсозии Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки Марказии Қатарро барои ба роҳ мондани ҳамкорӣ мавриди зарурат арзёбӣ намуд. Шайх Абдулло ибни Сауд Оли Сонӣ зикр кард, ки маҳз дар доираи Маркази мазкур ҳамкориҳои дуҷонибаи судманд аз рӯи нақша зина ба зина ба роҳ монда хоҳанд шуд.

Шуъбаи матбуоти БМТ



Возврат к списку