БМТ меъёри бозтамвилро бетағйир дар сатҳи 16,0 фоиз нигоҳ медорад

Бойгонии ахбор
02.11.2017

БМТ меъёри бозтамвилро бетағйир дар сатҳи 16,0 фоиз нигоҳ медорад

Дар ҷаласаи навбатии Кумитаи сиёсати пулию қарзии Бонки миллии Тоҷикистон (минбаъд – Кумита), ки 31 октябри соли 2017 баргузор гардид, қарор оид ба нигоҳ доштани меъёри бозтамвил бетағйир дар сатҳи 16,0 фоизи солона қабул карда шуд. Қарори мазкур бо мақсади маҳдуд намудани хавфҳои эҳтимолии таваррумӣ ва тадриҷан паст намудани таваррум то сатҳи нишондиҳандаи мақсадноки 7,0% +/-3 б.ф. қабул гардид.

Тибқи маълумоти оморӣ сатҳи таварруми солона (дар 12 моҳи охир) дар моҳи сентябри соли равон раванди поёнравӣ дошта 6,7 фоизро ташкил дод. Гарчанде нишондоди мазкури таваррум аз сатҳи интизоршавандаи он пасттар ҷамъбаст ёфтааст, аммо нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 0,3 банди фоизӣ зиёд мебошад.

Тағйирёбии таварруми солона дар ин давра асосан бо таъсири омилҳои мавсимӣ ва пешниҳодот, бахусус дар натиҷаи болоравии шадиди нархи маҳсулоти сабзавот (бахусус картошка, сабзӣ ва пиёз) дар нимсолаи аввал вобастагӣ дошт. Аз ҷумла, саҳми маҳсулоти хӯрокворӣ дар таварруми солона бартарӣ дошта, 4,6 банди фоизӣ, маҳсулоти ғайрихӯрокворӣ 1,4 банди фоизӣ ва хизматрасониҳо 0,7 банди фоизиро ташкил намуданд. Тибқи таҳлилҳо сатҳи таварруми аслӣ, ки тамоюли дарозмуддати нархҳоро бе таъсири лаппишҳои кӯтоҳмуддат ва таъсири омилҳои талаботи дохилӣ инъикос менамояд, бо арзёбии солона ба 2,1 фоизи солона баробар шуда, аз маҳдуд будани таъсири омилҳои монетарӣ гувоҳӣ медиҳад.

Дар маҷмуъ, ба таваррум омилҳои аз лиҳози ғайримонетарӣ, мавсимӣ ва равандҳои кӯтоҳмуддат бештар таъсир расонида, нишондиҳандаи мазкур дар ҳудуди дурнамои нишондиҳандаи мақсаднок 7,0 (+/-3) фоизи солона ҷамъбаст ёфт.

Интизор меравад, ки то интиҳои сол бо назардошти таъсири афзоиши нархи хизматрасониҳо (қувваи барқ) ва омилҳои мавсимӣ, сатҳи таваррум аз ҳадафи муқарраршуда (7,0 фоизи солона) тағйир меёбад ва дар давраи миёнамуҳлат ба нишондиҳандаи мақсаднок бармегардад.

Дар баробари ин, хавфи зиёд шудани интизориҳои таваррумӣ вобаста ба тадриҷан афзудани хароҷотҳои инвеститсионии буҷети давлатӣ, хароҷотҳои иловагии соҳибкорон дар натиҷаи болоравии тарифаҳои хизматрасонӣ, афзоиши талаботи мавсимӣ ба асъор, ноустувории молиявӣ дар бозорҳои ҷаҳонӣ мавҷуд буда, дар давраи кӯтоҳмуддат метавонад ба сатҳи нархҳо таъсир расонад.

Вобаста ба ин, ҷиҳати нигоҳ доштани раванди муътадили сатҳи нархҳо дар давраи миёнамуҳлат, пурзӯр намудани таъсирбахшии фишангҳои сиёсати пулию қарзӣ ва вусъат додани амалиётҳои он, меъёри бозтамвил бетағйир дар сатҳи 16,0 фоизи солона муқаррар карда шуд.

Бонки миллии Тоҷикистон минбаъд низ татбиқи сиёсати пайгиронаи пулию қарзиро ҷиҳати ноил гардидан ба сатҳи муътадили нархҳо дар давраи миёнамуҳлат идома дода, дар мавриди маҳдуд гаштани хавфҳои таваррумӣ эҳтимолияти таҷдиди назар кардани меъёри бозтамвилро дар ҷаласаҳои навбатии Кумита баррасӣ хоҳад намуд.

Ҷаласаи навбатии Кумитаи сиёсати пулию қарзии Бонки миллии Тоҷикистон тибқи нақшаи Кумитаи сиёсати пулию қарзии Бонки миллии Тоҷикистон дар моҳи декабр баргузор шуда, қарори навбатӣ оид ба тағйиротҳо тавассути сомонаи расмии Бонки миллии Тоҷикистон эълон хоҳад гардид.

Шуъбаи матбуоти БМТ


Возврат к списку