Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо Мушовири калони Департаменти хазинадории Вазорати молияи ИМА Уилям Томас

Бойгонии ахбор
01.11.2017

Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо Мушовири калони Департаменти хазинадории Вазорати молияи ИМА Уилям Томас

31 октябри соли 2017 дар мулоқоти кории Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев бо Мушовири калони Гурӯҳи хизматрасониҳои бонкию молиявии Департаменти хазинадории Вазорати молияи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (ИМА) ҷаноби Уилям Томас масъалаи ҳамкориҳо дар бахши низоми бонкӣ ва пешниҳоди кӯмаки техникӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

IMA-1.JPG

Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев дар оғоз меҳмононро бо вазъи феълии низоми бонкии ҷумҳурӣ, навоварию ислоҳот дар низом, аз ҷумла татбиқи ислоҳоти сохторӣ, ба кор бурдани фишангҳои нави монетарӣ, ки давоми 2 соли охир давра ба давра амалӣ шуда истодаанд, шинос намуд. Ҷамолиддин Нуралиев изҳор дошт, ки новобаста аз фишорҳои буҳронӣ дар ин муддат сатҳи таваррум дар доираи нишондиҳандаҳои муътадили якрақама нигоҳ дошта шуд.

IMA-2.JPG

Муовини якуми Раиси БМТ Ҷамолиддин Нуралиев таваҷҷуҳи намояндагони Департаменти хазинадории ИМА-ро ба як қатор навгониҳо дар соҳаи низоми бонкӣ, аз ҷумла истифодаи фишангҳои нави монетарӣ ҷиҳати гузариши ботадриҷ ба реҷаи муосири пулию қарзӣ - ҳадафгирии таваррум ва вобаста ба ин ҳалли монеаҳои мавҷуда ва баланд бардоштани имкониятҳои касбӣ, инчунин таҷдиди низоми автоматикунонии бонкӣ (АБС) ҷалб намуд. Ҳамзамон қайд гардид, ки барои татбиқи босифати ин ислоҳот Бонки миллии Тоҷикистон ба ҷалби мушовирон дар доираи кӯмаки техникӣ ниёз дорад.

IMA-3.JPG

Зимни мулоқот Муовини якуми Раиси БМТ Ҷамолиддин Нуралиев, Ҳайати намояндагии Департаменти хазинадории ИМА-ро барои ҳамкорӣ дар бахши низоми бонкӣ, аз ҷумла бахши суғурта, хавфҳои эҳтимолӣ, кушодани суратҳисобҳои муросилотӣ дар ИМА, баланд бардоштани саводнокии молиявии аҳолӣ даъват намуд. Зикр гардид, табодули таҷриба дар ин самт, кӯмаки техникӣ ва бозомӯзӣ намудани кормандон ба манфиати кор хоҳад буд.

Дар навбати худ, Мушовири калони Гурӯҳи хизматрасониҳои бонкию молиявии Департаменти хазинадории Вазорати молияи ИМА ҷаноби Уилям Томас аз даъвати Бонки миллии Тоҷикистон миннатдории хешро баён намуда, барои оғози ҳамкориҳои дуҷонибаи судманд дар сатҳи нав ва самтҳои барои Бонки миллии Тоҷикистон манфиатбахш изҳори омодагӣ намуд. Вобаста ба пешниҳодҳои дар боло зикршуда, ҷаноби Уилям Томас изҳор дошт, ки Бонкҳои марказӣ бояд бо барномаи муосири нав фаъолияти худро пеш баранд ва Департаменти хазинадории ИМА дархости Бонки миллии Тоҷикистонро дар ин самт мавриди баррасӣ қарор хоҳад дод. Зимнан номбурда афзуд, ки аз захираи мушовирони Департамент истифода бурда, дар бахшҳои зикргардида пешниҳоди кӯмаки техникиро амалӣ хоҳад намуд. Аз ҷумла Департаменти хазинадории ИМА дар бахши суғуртаи низоми бонкӣ, назорат ва танзим, баланд бардоштани саводнокии молиявии аҳолӣ, бахши тадқиқотҳо ва амсоли инҳо табодули таҷриба ва омӯзиш мусоидат хоҳанд кард.

Дар мулоқоти мазкур, ҳамзамон иқтисодичии Сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон Эндрю Бари, мушовири Сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон Замира Тошматова ва дигар роҳбарони воҳидҳои дахлдори БМТ иштирок доштанд.


Шуъбаи матбуоти БМТ


Возврат к списку