Раддияи Бонки миллии Тоҷикистон ба маводи хабаргузории “Азия-Плюс”

Бойгонии ахбор
13.11.2017

Раддияи Бонки миллии Тоҷикистон ба маводи хабаргузории “Азия-Плюс”

Бонки миллии Тоҷикистон вобаста ба ахбори нашркардаи “Азия-Плюс” таҳти унвони «Главный банкир Таджикистана не спешит выполнять поручение спикера парламента” (09.11.с. 2017, дар сомонаи www.news.tj) иттилоъ медиҳад, ки тибқи талаботи Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҳисоботи дахлдорро дар муҳлати муқарраргардида саривақт ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намудааст. 

Ҳамзамон, дар робита ба суханони манбаи “Азия-Плюс”, ки тибқи он санаи 8 ноябри соли 2017 Бонки миллӣ аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба супориши зикргардида расман огоҳонида шудааст, қайд менамоем, ки маълумоти мазкур беасос буда, дар хусуси супориши болозикр ба Бонки миллии Тоҷикистон муроҷиати хаттӣ ё шифоҳӣ карда нашудааст. Дар баробари ин, ба иттилоъи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ дар мавриди ҳисобот пешниҳод кардан ё накардани Раиси Бонки миллии Тоҷикистон ба палатаи поёнии парлумон, ба хабаргузории “Азия-Плюс” ягон иттилоъ дода нашудааст.

Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма” шахси воқеӣ ва (ё) ҳуқуқие, ки воситаи ахбори омма дар хусуси ӯ маълумоти бардурӯғ ва ё маълумоти пастзанандаи шаъну шараф ва ё эътибори кориашро паҳн намудааст, ҳуқуқ дорад аз редаксияи он нашри раддияро талаб намояд. Агар редаксияи воситаи ахбори омма дар бораи дуруст ва ба ҳақиқат мувофиқ будани маълумоти паҳннамудааш далел надошта бошад, вазифадор аст, ки дар худи ҳамон воситаи ахбори омма раддияро нашр намояд (моддаи 19).

Аз ин рӯ, аз хабаргузории “Азия-Плюс” хоҳиш карда мешавад, ки нисбати нашри матолиби таҳрифшуда ва нодуруст дар сомонаи “Азия Плюс” раддия нашр намояд ва ахбори ба куллӣ таҳрифшуда таҳти унвони «Главный банкир Таджикистана не спешит выполнять поручение спикера парламента”-ро, ки 9 ноябри соли 2017 дар сомонаи www.news.tj ҷойгир шудааст, аз сомона гирад.

Дар оянда хоҳиш менамоем, ки зимни омода кардани матолиб, ки ба фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон рабт дорад, барои инъикоси воқеъбинона (объективность), ки яке аз принсипҳои асосии рӯзноманигорӣ мебошад, мавқеи Бонки миллии Тоҷикистон низ ба инобат гирифта шавад. Зеро дар матолиби болозикр аз Бонки миллии Тоҷикистон мавқеъгирӣ нашудааст.


Шуъбаи матбуоти БМТ


Возврат к списку