Тими Бонки миллӣ ғолиби Ҷоми “Раиси шаҳри Душанбе” гардид

Бойгонии ахбор
17.11.2017

Тими Бонки миллӣ ғолиби Ҷоми “Раиси шаҳри Душанбе” гардид

16 ноябри соли 2017 мусобиқаи футболи хурд барои дарёфти Ҷоми “Раиси шаҳри Душанбе”, ки бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни дастаҳои вазорату идораҳо, раёсатҳо ва ташкилоту муассисаҳои пойтахт дар майдончаҳои хурди Майдони марказии ҷумҳуриявӣ аз 20-уми октябр то 16-уми ноябр идома дошт, анҷом ёфт.

00011.jpg

Дар мусобиқаи мазкур, дар қатори 48 дастаи футболбозони ғайрикасбӣ, тими футболи хурди Бонки миллии Тоҷикистон низ фаъолона иштирок намуда, ба комёбии назаррас ноил гардид. Дар бозии аз ҳама ҷолибу пурҳаяҷони мусобиқа - бозии финалӣ, ки рӯзи 16 ноябр миёни дастаи футболи хурди Бонки миллии Тоҷикистон ва дастаи “Динамо”-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ҳисоб дар вақти асосӣ кушода нашуд ва баъдан бо силсилаи зарбаҳои шашметра, дастаи Бонки миллии Тоҷикистон бо ҳисоби 7:6 бар дастаи Вазорати корҳои дохилӣ ғолибият ба даст овард. Ҳамин тариқ, шумораи Ҷомҳои дастаи футболи хурди Бонки миллии Тоҷикистон боз ҳам афзун гашт.

00022.jpg

Дар қисмати ҷамъбастии сабқат, ғолибони мусобиқаро муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, ноиби Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов, муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев ва роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Тоҷиддин Саидзода бо Ҷоми “Раиси шаҳри Душанбе”, медалу диплом ва тӯҳфаҳои моливу пулии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сарфароз гардониданд.  

000.11.JPG

Қобили қайд аст, ки унвони “Муҳофизатгари беҳтарин”-и мусобиқаро футболбози дастаи БМТ Акбар Мухаммедов, “Дарвозабони беҳтарин”-ро Ҳурматов Эраҷ аз дастаи “Динамо”-и ВКД ҶТ, “Ниммуҳофизатгари беҳтарин”-ро Темур Исмоилов аз дастаи “Формула - 55”, “Бозингари беҳтарин”-ро Саидзода Тоҷиддин аз дастаи МИҲД ш.Душанбе ва “Нишонзани беҳтарин”-ро Раҳимзода Рамазон Ҳамро аз дастаи “Динамо”-и ВКД ҶТ соҳиб гардиданд.

00033.jpg

Дар маросими хотимавӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ ва ноиби Президенти ФФТ Алишер Урунов ба бозингарон ва мухлисон барои ҳунарнамоӣ ва дастгирии самимона изҳори миннатдорӣ намуданд. Дар навбати худ муовини якуми Раиси БМТ Ҷамолиддин Нуралиев ба ташаббускорони чорабинии мазкур баҳои баланд дода, чунин изҳор дошт: “Баргузории чунин мусобиқаҳо дар таҳкими муносибати дӯстӣ байни кормандони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо нақши муҳим дошта, сифати бозӣ ва маҳорати бозигарони варзиши ғайрикасбиро сайқал медиҳад. Ҳамзамон, мусобиқаҳои зерин метавонанд дар рушди намудҳои гуногуни варзиш дар ҷумҳурӣ такони ҷиддӣ диҳанд, ки бешубҳа боиси дастгирӣ мебошад”. 

00044.jpg

Барои дастгирии тими Бонки миллӣ, инчунин сарпарасти дастаи футболи БМТ – муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ ташриф оварда, барои рӯҳбаланд сохтани бозингарони даста дастурҳои муфид дод. Ҳамзамон, баҳри дастгирии дастаи футболи Бонки миллии Тоҷикистон ба бозии ниҳоӣ муовинони Раис Лола Салимова, Ҳамидулло Машрабзода ва аҳли кормандони Бонки миллӣ ташриф оварда буданд.

00055.jpg

Маврид ба зикр аст, мусобиқаи футболи хурд барои дарёфти Ҷоми “Раиси шаҳри Душанбе” бори нахустин аст, ки гузаронида мешавад. Ҳадаф аз баргузории сабқати мазкур, амалӣ намудани Барномаи рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2021, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ба воситаи футбол, мустаҳкам намудани алоқаи дӯстӣ байни кормандони вазорату идораҳо, раёсатҳо ва ташкилоту муассисаҳои шаҳри Душанбе ва муайян намудани футболбозони беҳтарин аз байни кормандони идораҳои мазкур мебошад.

00066.jpg

Аъзоёни дастаи Бонки миллӣ: Икромӣ Сироҷиддин Салом – Сардори даста, Мухамедов Акбар, Қодиров Абдусаттор, Эргашев Мансур, Абдуалимов Беҳруз, Одинаев Аслиддин, Ғаниев Аҳлиддин, Расулов Зоҳиршо, Олимов Фирузҷон, Қурбонов Навруз, Муродалиев Далер, Музафаров Наҷибулло, Изатуллоев Беҳруз,Шарифов Беҳруз, Наибов Холид.

00077.jpg

Шуъбаи матбуоти БМТ


Возврат к списку