Густариши ҳамкориҳои БМТ бо“Эксим Бонк”-и Ҳиндустон

Бойгонии ахбор
21.11.2017

Густариши ҳамкориҳои БМТ бо“Эксим Бонк”-и Ҳиндустон

Дар вохӯрии Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ бо ҳайати “Эксим Бонк”-и Ҳиндустон таҳти роҳбарии директори генералӣ Равиндранат С.П. Менон, ки 17 ноябри соли 2017 дар Бонки миллии Тоҷикистон баргузор гардид, масъалаҳои густариши ҳамкориҳои дуҷониба ва дурнамои рушди он мавриди муҳокима қарор дода шуд. 

_MG_5616-1.jpg

Дар ҷараёни вохӯрӣ Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ диққати меҳмононро ба вазъи низоми бонкӣ, сохтори ташкилӣ, татбиқи ислоҳот дар соҳа, татбиқи сиёсати босамари пулию қарзӣ, аз ҷумла гузариш аз ҳадафгирии монетарӣ ба ҳадафгирии таваррум, ба роҳ мондани амалиётҳои нав (своп), таъсиси кумитаи суботи молиявӣ, сатҳи меъёри фоизӣ барои қарзҳо ва амонатҳо, тартиби маблағгузорӣ ва хизматрасонӣ дар бонкҳои тиҷоратӣ ҷалб намуд.

_MG_5634-2.jpg

Дар навбати худ, ҷаноби Равиндранат С.П. Менон изҳор дошт, ки “Эксим Бонк”-и Ҳиндустон, дар баробари таҳкими рушди тиҷорат бо Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин омода аст ҳамкориро бо бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи сифатан нав ба роҳ монда, барои фароҳам овардани фазои хуби сармоягузорӣ ва дастгирии низоми бонкӣ мусоидат намояд. Аз ин рӯ, Равиндранат С.П. Менон барои ҳамкорӣ бонкҳои тиҷоратии ҶСП “Спитамен Бонк” ва ҶСК “Ориёнбонк”-ро мавриди омӯзиш қарор дода, дар оянда барои маблағгузорӣ ба яке аз ин бонкҳо ҷиҳати дастгирии истеҳсолот, аз ҷумла истеҳсолоти ватанӣ ва ширкатҳои Ҳиндустон, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият доранд, изҳори таваҷҷуҳ намуд. Ҷонибҳо дар анҷоми суҳбат изҳор доштанд, ки баҳри густариши ҳамкорӣ дар низоми бонкӣ кӯшиш ба харҷ хоҳанд дод.

Дар мулоқоти мазкур инчунин, Муовини Директори генералии “Эксим Бонк”-и Ҳиндустон ҷаноби Маниш Ҷодӣ ва роҳбарони воҳидҳои сохтории Бонки миллии Тоҷикистон ширкат варзиданд.

_MG_5661-3.jpg

Маврид ба зикр аст, ки “Эксим Бонк”-и Ҳиндустон соли 1982 бо дастгирии Ҳукумати Ҳиндустон ташкил ёфта, аз замони ташкилёбиаш то ба имрӯз дар самти рушди иқтисодиёт ва дастгирии тиҷорати хурду миёна, дар шакли воридоти таҷҳизоти техникӣ, тақвияти содироти маҳсулот, хизматрасонии логистикӣ ва сармоягузорӣ дар кишварҳои хориҷӣ фаъолият дорад. “Эксим Бонк”-и Ҳиндустон дар бахши молиявии зудрушдёбанда яке аз бозингари калидии пешрафти тиҷорат ва савдои фаромарзӣ ба ҳисоб меравад. “Эксим Бонк” вобаста ба қарзҳои харидорӣ, бонкдории корпоративӣ, хатти қарзӣ, сармоягузории молиявии хориҷӣ ва маблағгузории лоиҳавӣ барномаҳои мушаххас пешниҳод менамояд.

Шуъбаи матбуоти БМТ


Возврат к списку