Парчами миллӣ - рамзи давлатдорӣ ва ҳисси миллӣ

Бойгонии ахбор
24.11.2017

Парчами миллӣ - рамзи давлатдорӣ ва ҳисси миллӣ

23 ноябри соли 2017 дар Бонки миллии Тоҷикистон ба ифтихори санаи муҳимми даврони истиқлолият - Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва изҳори эҳтирому қадршиносӣ ба ин рамзи давлатӣ бо иштироки Роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон, сардорони воҳидҳои сохторӣ ва аҳли кормандон ҷаласаи ҷашнӣ баргузор гардид. 

Ҷаласаро Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ бо суханони ифтитоҳӣ ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро аз номи роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфт.

1а.jpg

Сироҷиддин Икромӣ дар идома аз суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуд: “Парчами давлатӣ барои мардуми Тоҷикистон нишони бақои давлат, ваҳдату ягонагӣ, ҳувияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ифтихор аз давлатдории миллӣ ва ҳифзи арзишҳои таъриху фарҳангӣ мебошад". Бинобар ин, ҳар як фарди Тоҷикистон, бахусус, насли ҷавони миллат дар баробари ҳисси ифтихор аз Парчами миллӣ, эҳтироми онро низ ҳамчун рамзи пойдории давлату миллат бояд ба ҷо оварад. Мо дар зарфи бисту шаш соли Истиқлолият бо саъю талоши ватандӯстонаи мардуми шарифи кишварамон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пойдевори устувори давлатдории миллии худро гузоштем. Ва бовар дорем, зери ин Парчами давлатӣ ояндаи дурахшон, ободиву пешрафт ва зиндагии пурсаодати халқи азизи Тоҷикистон таъмин хоҳад гашт”.

Сипас, сардори шуъбаи тарҷумаи Дастгоҳи роҳбарияти бонк, доктори илми филология, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзоҳасан Султонов оид ба моҳият ва нақши таърихии парчам дар давлатдории тоҷикон суханронӣ намуд: 

2а.jpg

- Парчам дар баробари Нишон ва Суруди миллӣ яке аз рамзҳои асосӣ, нишонаҳои соҳибихтиёрии давлат ба шумор рафта, дар фаъолияти давлатдорӣ, аз ҷумла, дар гузаронидани чорабиниҳои расмию ғайрирасмии давлатӣ, фарҳангӣ, варзишӣ, ҳамчунин дар муносибатҳои байналмилалӣ ва дар ҳаёти ҳаррӯзаи ҳар як фарди ҷомеа мавқеъ ва нақши хоси худро доро мебошад. Аз рӯзе, ки миллати соҳибфарҳанги тоҷик соҳиби Парчами давлатӣ гардид, дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву маънавии мамлакат дигаргуниҳои бунёдӣ ба амал омада истодааст. Қабули парчам ба болоравии ҳисси миллӣ ва сатҳи худшиносии мардуми Тоҷикистон мусоидат намуд. Хусусан, дар солҳои нахустини соҳибистиқлолӣ Парчами давлати тозаистиқлоламон барои шинохти асолати миллӣ, эҳёи суннатҳои давлатдорӣ ва сарҷамъу муттаҳид намудани кулли сокинони мамлакат нақши бағоят арзишманд бозидааст. Парчами давлатии мо инъикоскунандаи таъриху фарҳанг ва расму ойинҳои деринаи давлатдории миллиамон, баёнгари мақсаду мароми сокинони мамлакат буда, дар роҳи бунёди ояндаи дурахшон нерӯву қудрати созанда мебахшад. Имрӯз Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун рамзи кишвари соҳибистиқлол ба оламиён аз мавҷудияти давлати соҳибфарҳанге бо номи Ҷумҳурии Тоҷикистон мужда медиҳад. Аз ин рӯ, таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ лаҳзаи эҳсоси масъулияти ватандории ҳар як фарди бонангу номуси ҷомеа ва адои қарзи фарзандӣ дар назди давлату миллат мебошад”. Дар фарҷоми суханронӣ Мирзоҳасан Султонов бо истифода аз фурсати муносиб ҳамаи иштирокдоронро дар остонаи ин ҷашни фархунда – Рӯзи Парчами давлатӣ бори дигар табрик гуфт. 

Дар идомаи ҷаласаи тантанавӣ сардори Идораи кормандон Давлаҳмад Гадоев ба сухан баромада, зикр кард, ки ҷашн гирифтани Рўзи Парчами давлатӣ дар фазои сулҳу оромӣ ифодакунандаи мустаҳкамӣ ва якдилии мардуми Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, мояи ифтихори ҳар як шаҳрванди худшиносу худогоҳ ва ватандўсту ватанпарасти мамлакат мебошад. Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи давлатдории тоҷикон нангу номус ва орзуву ормонҳои миллиро таҷассум намуда, баёнгари соҳиби давлати соҳибистиқлол ва бофарҳанг мебошад. 

3.jpg

Дар анҷоми ҷамъомад нотиқон бори дигар иштирокдоронро ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ табрик намуда, иброз доштанд, ки эътиқоду эҳтироми хосаи мардуми кишвар ба ин рамзи давлатӣ гувоҳи он аст, ки Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша танинандозу Парчами давлатии Ватани азизамон доимо парафшон хоҳад буд.

Ҷашни Рӯзи Парчами давлатӣ муборак бод, ҳамватанони азиз!

Шуъбаи матбуоти БМТ


Возврат к списку