Қадрдонӣ аз ҷониби Роҳбарияти БМТ

Бойгонии ахбор
27.11.2017

Қадрдонӣ аз ҷониби Роҳбарияти БМТ

27 ноябри соли 2017 дар доираи ҷаласаи корӣ Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷашмед Нурмаҳмадзода дастаи футболи Бонки миллии Тоҷикистонро барои ғолибият дар мусобиқаи футболи хурд ва дарёфти Ҷоми “Раиси шаҳри Душанбе”, ки бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни дастаҳои вазорату идораҳо, раёсатҳо ва ташкилоту муассисаҳои пойтахт дар майдончаҳои хурди Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ (Фрунзе) аз 20-уми октябр то 16-уми ноябр баргузор гардид, табрику таҳният гуфт.

_MG_5856-1.jpg

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷ.Нурмаҳмадзода ҷавононро дар баробари саҳмгузорӣ дар пешбурди сиёсати пулию қарзӣ ва низоми бонкии кишвар, инчунин барои иштирок дар чорабиниҳои ҷамъиятӣ бахшида ба соли ҷавонон ва тарғибу ташвиқот баҳри тарзи ҳаёти солим ҳидоят намуд. Дар ҷамъбаст, аъзоёни дастаи футболи БМТ бо туҳфаҳои хотиравии Роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуданд.

Боиси зикр аст, тими футболи хурди Бонки миллии Тоҷикистон дар қатори 48 дастаи футболбозони ғайрикасбӣ фаъолона иштирок намуда, дар бозии финалӣ, ки рӯзи 16 ноябр миёни дастаи футболи хурди Бонки миллии Тоҷикистон ва дастаи “Динамо”-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, бо ҳисоби 7:6 ғолибият ба даст овард. 

_MG_5859-2.jpg

Ҳамин тариқ, дастаи футболи хурди Бонки миллии Тоҷикистон дар байни 48 даста ҷойи аввалро ишғол намуда, барандаи Ҷоми “Раиси шаҳри Душанбе” гардид. Дар қисмати ҷамъбастии сабқат, ғолибони мусобиқаро муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, ноиби Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов, муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев ва роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Тоҷиддин Саидзода бо Ҷоми “Раиси шаҳри Душанбе”, медалу диплом ва тӯҳфаҳои моливу пулии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сарфароз гардониданд.

Шуъбаи матбуоти БМТ



Возврат к списку