“Mastercard”: технологияҳои муосир ва хавфҳо

Бойгонии ахбор
29.11.2017

“Mastercard”: технологияҳои муосир ва хавфҳо

Бо мақсади баланд бардоштани донишу малакаи мутахассисони ташкилотҳои қарзӣ ҷиҳати татбиқу истифодаи технологияҳои муосири пардохтӣ ва ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ 28 ноябри соли 2017, дар доираи даҳрӯзаи рушди хизматрасониҳои пардохтӣ, дар Бонки миллии Тоҷикистон аз ҷониби Идораи низоми пардохти БМТ дар ҳамбастагӣ бо ширкати низоми пардохтии “Mastercard” семинари таълимӣ оид ба технологияҳои муосир ва хавфҳо баргузор гардид.

1.JPG

Семинарро бо суханони муқаддимавӣ Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Лола Салимова ҳусни ифтитоҳ бахшида, намояндагони ширкати “Mastercard” –ро барои иқдом ва саҳмгузорӣ дар рушди ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мусоидат барои баргузории семинари таълимӣ оид ба технологияҳои муосир ва хавфҳои эҳтимолӣ изҳори миннатдорӣ намуд. Лола Салимова аз тақвият ёфтани ҳамкории дуҷонибаи судманд байни Бонки миллии Тоҷикистон ва низоми байналмилалии пардохтии “Mastercard” дар доираи Шартномаи баимзорасида изҳори қаноатмандӣ намуда, аз ҷумла изҳор дошт: “Зиёд шудани ҳиссаи ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ дар муомилот барои ҳамаи бонкҳои марказӣ, аз ҷумла барои Бонки миллии Тоҷикистон масъалаи хеле муҳим ва афзалиятнок маҳсуб меёбад. Баргузории чунин семинарҳои омӯзишӣ ба кормандони ташкилотҳои қарзӣ имкон медиҳад, ки донишу малакаи худро оид ба технологияҳои муосир ҷиҳати рушди пардохти ғайринақдӣ ва роҳҳои пешгирӣ ва коҳиш додани хавфҳои эҳтимолии ба низоми кортҳои пардохтӣ алоқаманд такмил дода, маълумоти бештарро дар ин самт ба даст оранд ва дар таҷрибаи ташкилоти худ мавриди истифода қарор диҳанд”.

2.JPG

Дар семинари мазкур як қатор намояндагони масъули ширкати низоми пардохти “Mastercard”, аз ҷумла Директор оид ба рушди тиҷорат дар кишварҳои Осиёи Марказӣ Антон Бороздин, Директор оид ба рушд ва инноватсия Михаил Агашков, мудири лоиҳаи низоми пардохт Алексей Думинюк, сардори Идораи мубориза бо қаллобӣ Евгений Балезин иштирок ва баромад намуданд.

3.JPG

Сипас, аз ҷониби масъулини ширкати байналмилалии “Mastercard” барои иштирокдорони семинар дар мавзӯъҳои ҷолиб барои низоми пардохт, аз қабили технологияи ғайриноқили пардохтҳои “PayPass 3.0”, истифодабарии маълумотҳои биометрӣ дар самти пардохтҳо, технологияи ҳифзи тиҷорати электронии “Identity Check”, шарҳи автоматикунонӣ, клиринг ва ҳисобҳо, оптимизатсияи ҳаққи хизмат барои амалиётҳои фаромарзӣ, бахши идораи хавфҳо ва муқовимат бо қаллобӣ, хавфҳои асосии ҷорӣ ва тамоюлҳои қаллобӣ, барномаи мувофиқат ба талаботҳои ширкати “Mastercard”, маҳсулот ва хизматрасониҳои “Mastercard” бо мақсадӣ коҳиш додани хавфҳои қаллобӣ маърӯза - муаррифиҳо пешниҳод гардиданд.

Шуъбаи матбуоти БМТ


Возврат к списку