Бозхонди иҷозатнома

Бойгонии ахбор
08.12.2017

Бозхонди иҷозатнома

Бо қарорҳои навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 7 декабри соли 2017 таҳти №156-157-158 дар асоси моддаи  26-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд” ва моддаҳои 6-10-12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ” бинобар оғози расмиёти барҳамдиҳӣ фаъолияти ҶСП ТҚХ «Зироат-04 », ҶДММ ТҚХ “Ганҷ-2006” ва ҶДММ ТАҚХ “Диси инвест” қатъ карда шуданд.

Дар асоси қарорҳои зикршуда иҷозатномаҳои ҶСП ТҚХ «Зироат-04 », ҶДММ ТҚХ “Ганҷ-2006” ва ҶДММ ТАҚХ “Диси инвест”, ки аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон барои анҷом додани амалиётҳои бонкӣ дода шудааст, бозхонд карда шуданд.

Ҷанбаҳои дигари фаъолияти ташкилотҳои мазкур дар асоси қарорҳои қабулгардида аз ҷониби масъулини Бонки миллии Тоҷикистон омӯхта ва баррасӣ карда мешаванд.

Шуъбаи матбуоти БМТ


Возврат к списку