7 декабри соли 2017 дар бинои Бонки миллии Тоҷикистон вохӯрӣ бо намояндагони ташкилотҳои суғуртавии кишвар дар доираи омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даври дуюми баҳодиҳии тарафайни низоми миллии муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом (МҚД/МТ/МПСҚО) баргузор гардид.
Дар оғози чорабинӣ Муовинони Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Икромӣ Сироҷиддин ва Машрабзода Ҳамидулло бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуданд. Аз ҷумла қайд карда шуд, ки азбаски айни замон ташкилотҳои суғуртавӣ субъектони ҳисоботдиҳандаи Бонки миллии Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд, ҷиҳати бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта ва омодагӣ ба баҳодиҳии тарафайн, инчунин, ҷиддӣ омода будани ташкилотҳои суғуртавӣ дар рафти вохӯриҳо бо коршиносон-баҳогузорон чораҳои зарурӣ андешида шаванд.
Ҷиҳати шиносоӣ бо раванди баҳодиҳии тарафайн аз ҷониби намояндагони Департаменти мониторинги молиявӣ дар доираи мавзӯъҳои зерин рӯнамоиҳо (презентатсия) пешкаш карда шуданд:
Пас аз анҷом ёфтани баромадҳои кормандони Департамент, аз ҷониби ташкилотҳои суғуртавӣ як қатор саволҳо пешниҳод гардид. Қабл аз муҳокимаи саволҳо, намоядагони ташкилотҳои суғуртавӣ иброз доштанд, ки ташкил намудани чунин чорабиниҳо барои баланд бардоштани донишу малака ва огоҳӣ дар самти МҚД/МТ/МПСҚО фоидаовар мебошад.
Қобили зикр аст, ки И.в. Директори Департамент Файзуллозода Ф. ба саволҳои аз ҷониби намояндагони ташкилотҳои суғуртавӣ ҷавобҳои амиқ пешниҳод намуд. Аз ҷумла, қайд гардид, ки омодагии ташкилотҳои суғуртавӣ ба даври 2-юми баҳодиҳии тарафайн зарур буда, боиси пешрафти минбаъдаи соҳаи МҚД/МТ/МПСҚО хоҳад гашт.
Қайд кардан ба маврид аст, ки ташкил намудани вохӯрӣ бо намояндагони бахши хусусӣ натиҷаи ҳамкории судманд байни Департамент ва ташкилотҳои номбурда мебошад.
Департаменти мониторинги молиявӣ