Санаи 7 декабри соли 2017 дар Бонки миллии Тоҷикистон вохӯрии роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон бо намояндагони ташкилотҳои қарзӣ дар доираи омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даври дуюми баҳодиҳии тарафайни низоми миллии муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом (МҚД/МТ/МПСҚО) баргузор гардид.
Ҳадаф аз баргузории вохӯрии мазкур баррасии камбудиҳои ҷойдошта дар самти МҚД/МТ/МПСҚО, инчунин як қатор масъалаҳо, ки дар рафти гузаронидани баҳодиҳии тарафайн ба миён хоҳанд омад, иборат буд.
Дар вохӯрӣ беш аз 60 нафар намояндагони ташкилотҳои қарзӣ ширкат варзиданд.
Ҷаласаи мазкурро Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Икромӣ Сироҷиддин бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда, оид ба нуқсонҳои ҷойдошта ва бартараф кардани онҳо дар бахши мазкур қайд карда шуд. Инчунин, ҷамъомадагонро барои ҷиддӣ омода будан дар рафти баргузории баҳодиҳии тарафайн ва вохӯрӣ бо коршиносон-баҳогузорон, ки ташрифи онҳо нимаи якуми соли 2018 ба кишварамон ба нақша гирифта шудааст, даъват намуд.
Сипас, тибқи барнома, бо мақсади шиносоӣ бо раванди баҳодиҳии тарафайн аз ҷониби намояндагони Департаменти мониторинги молиявӣ дар доираи мавзӯъҳои зерин рӯнамоиҳо (презентатсия) пешкаш карда шуданд:
Пас аз хотима ёфтани баромадҳои кормандони Депаратмент, ҳозирин доир ба як қатор масъалаҳо музокирот анҷом доданд. Аз ҷумла, намояндагони бархе аз бонкҳои кишвар нисбати тартиби гузаронидани даври 2-юми баҳодиҳии тарафайн ба кормандони Департамент саволҳо пешниҳод намуданд.
Қобили қайд аст, ки И.в. Директори Департамент Файзуллозода Файзулло ба саволҳои аз ҷониби ташкилотҳо манзургардида ҷавобҳои саҳеҳ гардонида, нисбати муқаррароти санадҳои калидии Гурӯҳи Татбиқи Чораҳои Молиявӣ (минбаъд-ФАТФ) тавзеҳот пешниҳод намуд. Аз ҷумла, Файзуллозода Ф. қайд намуд, ки чорабинии мазкур барои тақвият бахшидани захираҳои зеҳнии ташкилотҳои молиявӣ дар самти МҚД/МТ/МПСҚО, аз ҷумла доир ба омодагӣ ба даври 2-юми баҳодиҳии тарафайн такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.
Бояд қайд намуд, ки баҳодиҳии тарафайни низоми миллии МҚД/МТ/МПСҚО Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби коршиносони Гурӯҳи Авросиё оид ба муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм (яке аз гурӯҳи минтақавӣ бо шакли ФАТФ) амалӣ гардида истодааст.
Департаменти мониторинги молиявӣ