Дурнамои минтақавии иқтисодӣ: Қафқоз ва Осиёи Марказӣ

Бойгонии ахбор
12.12.2017

Дурнамои минтақавии иқтисодӣ: Қафқоз ва Осиёи Марказӣ

11 декабри соли 2017 дар Бонки миллии Тоҷикистон маърӯзаи намояндагии Хазинаи Байналмилалии Асъор дар мавзӯи “Қафқоз ва Осиёи Марказӣ: Дурнамои минтақавии иқтисодӣ” аз ҷониби намояндаи доимии ХБА дар Тоҷикистон Соболев Юрий муаррифӣ гардид. Таҳлили зикршуда натиҷаи омӯзиши Хазинаи байналмилалии асъор оид ба вазъи минтақаи Қафқоз ва Осиёи Марказӣ мебошад.

1.jpg

Дурнамои мазкур дар ҳузури роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон, аз ҷумла Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев, Муовини Раис Салимова Лола, Муовини якуми вазири молия Каримзода Ҷамшед, Муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ, инчунин намояндагони Вазорати адлия, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Кумитаи андози назди Ҳукумати ҶТ, Агентии омори назди Президенти ҶТ, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ ва роҳбарони воҳидҳои сохтории Бонки миллии Тоҷикистон мавриди манзур қарор дода шуд.

2.jpg

Муаррифиномаи Соболев Ю. масъалаҳои таҳлилии ХБА оид ба дурнамои вазъи иқтисодӣ ва масъалаҳо дар минтақа, нигоҳ доштани устувории макроиқтисодӣ, таъмини рушди босуръат ва фарогир, хулосаҳо ва нақши ХБА дар ин равандро дар бар гирифта, дар маърӯза инчунин зарурати андешидани тадбирҳои маҷмӯӣ дар сиёсати иқтисодӣ бо мақсади расидан ба ҳадафҳои зикршуда, яъне устуворӣ ва рушди иқтисодиёт, зарурати таҳким бахшидани асосҳои сиёсати пулию қарзӣ ва фискалӣ дар минтақаи Қафқоз ва Осиёи Марказӣ махсусан қайд гардид.

3.jpg

Баъд аз хотимаи муаррифинома аз ҷониби коршиносони вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мубоҳисаҳо ва пешниҳодҳои мушаххас оид ба таҳлили гузаронидашудаи ХБА, аз ҷумла истифодабарии сарчашмаҳои иттилоотӣ, методология ва ғайра муҳокима гардиданд.

4f.jpg

Дар фаровард Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев – барандаи ҷаласаи мазкур инчунин фикру андешаи худро оид ба муаррифиномаи мазкур баён намуда, аз намояндагии Хазинаи байналмилалии асъор барои баррасӣ намудани чунин мавзӯи муҳим дар сатҳи вазорату идораҳои дахлдор ва дар ҳамкорӣ бо Бонки миллии Тоҷикистон хуш пазируфт ва идомаи чунин иқдомро барои минбаъд низ қобили дастгирӣ донист.

Шуъбаи матбуоти
БМТ


Возврат к списку