Таваррум дар моҳи ноябри соли 2017 ба ҳадафи нишондиҳандаи мақсаднок баробар гардид

Бойгонии ахбор
13.12.2017

Таваррум дар моҳи ноябри соли 2017 ба ҳадафи нишондиҳандаи мақсаднок баробар гардид

Тибқи маълумоти омори расмӣ сатҳи таваррум дар моҳи ноябри соли равон 0,3 фоизро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,3 банди фоизӣ кам мебошад.

Тавре интизор мерафт, раванди тағйир ёбии сатҳи нархҳо дар моҳи ноябри соли равон муътадил боқӣ монда, асосан дар натиҷаи таъсири омилҳои мавсимӣ ва коҳишёбии нархҳои баъзе намуди хизматрасониҳо ба вуқӯъ пайваст.

Аз аввали соли ҷорӣ (январ-ноябр) сатҳи таваррум дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 0,5 банди фоизӣ афзоиш ёфта, 6,3 фоизро ташкил дод. Тибқи ҳисобҳо дар таварруми ҳосилшуда саҳми маҳсулоти хӯрокворӣ 4,3 банди фоизӣ, маҳсулоти ғайрихӯрокворӣ 1,0 банди фоизӣ ва хизматрасониҳо 1,0 банди фоизиро ташкил намуд.

Таварруми солона (дар 12 моҳи охир) дар моҳи ноябр ба 6,7 фоиз баробар шуда, тадриҷан ба сатҳи нишондиҳандаи дурнамои он барои соли 2017 ва нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат муайяншуда наздик шуд (ниг. ба диаграмма).

Диаграмма ноябр.JPG

Қайд кардан ба маврид аст, ки дар моҳҳои охир дар натиҷаи ба мувозинат омадани унсурҳои талаботу таклифот муътадилгардии нархҳои баъзе аз маҳсулоти серистеъмоли хӯрокворӣ мушоҳида мегардад.

Дар баробари ин, ба раванди мазкур сиёсати фаъоли зиддитаваррумии монетарӣ ва коҳишёбии хавфҳои асъорӣ, ки боиси нисбатан коҳиш ёфтани интизориҳои таваррумӣ ва сатҳи таваррум гардид, таъсири мусбат расонид.

Аз рӯи таҳлилҳо ва дурнамо интизор меравад, ки сатҳи таваррум то охири соли равон дар доираи нишондиҳандаи пешбинишуда (7,0 фоиз) ҷамъбаст гардад.

Бонки миллии Тоҷикистон минбаъд низ ҷиҳати татбиқи сиёсати самарабахши пулию қарзӣ ва ноил гардидан ба сатҳи муътадили нархҳо дар давраи миёнамуҳлат тадбирҳои зарурӣ меандешад.


Шуъбаи матбуоти БМТ


Возврат к списку