ЭЪЛОМИЯИ ФОРУМИ «РОҲ БА СӮИ ИҚТИСОДИЁТИ ҒАЙРИНАҚДӢ»

Бойгонии ахбор
15.12.2017

ЭЪЛОМИЯИ ФОРУМИ «РОҲ БА СӮИ ИҚТИСОДИЁТИ ҒАЙРИНАҚДӢ»

ЭЪЛОМИЯИ

Форуми «Роҳ ба сӯи иқтисодиёти ғайринақдӣ»

Бонки миллии Тоҷикистон 8 декабри соли 2017

Рушди низоми ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ба шаффофияти иқтисодиёти кишвар ва рушди минбаъдаи он мусоидат хоҳад кард. Дар ин хусус коршиносон - намояндагони сохторҳои давлатӣ, ҷомеаи молиявӣ ва таҳлилгарон дар Форуми «Роҳ ба сӯи иқтисодиёти ғайринақдӣ», ки 8 декабри соли 2017 дар Бонки миллии Тоҷикистон баргузор гардид, изҳор доштанд.

Иштирокчиёни Форум нақши ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдиро дар раванди рушди иқтисодӣ дар Тоҷикистон баррасӣ намуданд. Ба андешаи ягонаи онҳо, чунин навъи ҳисоббаробаркунӣ на танҳо шаффофияти иқтисодиётро афзун мегардонад, балки барои ҷалби сармоягузорӣ дар кишварамон, таъсири мусбӣ расонида, имкон медиҳад, ки ба назорати ҷараёнҳои молиявӣ тақвият бахшида шуда, ҳаҷми гардиши пулии ғайрирасмӣ кам ва дастрасии хизматрасониҳои молиявӣ ба аҳолӣ зиёд карда шавад. Чуноне, ки коршиносон таъкид карданд, бо шарофати технологияҳои муосири иттилоотӣ, сатҳи пардохтҳои ғайринақдӣ дар кишварҳои пешрафта дар даҳсолаи охир то 80% аз муомилоти пулиро ташкил медиҳад. Дар Тоҷикистон низ сатҳи пардохтҳои ғайринақдӣ динамикаи хуби рушди гардиши маблағҳои пулиро, ки тавассути низоми бонкӣ мегузаранд, нишон дода истодааст.

Дар ҷамъбасти муҳокимарониҳо иштирокчиёни Форум чораҳои асосӣ ва роҳҳои рушди пардохтҳои ғайринақдиро номбар карданд. Аз ҷумла: такмили заминаи меъёрии ҳуқуқӣ, ташаккули инфрасохтори зарурӣ барои баланд бардоштани сатҳи дастрасӣ ба хизматрасониҳои молиявӣ, таъмини бехатарии истифодаи хизматрасониҳои пардохтии электронӣ ва рақамӣ ва муқовимат бар зидди киберҷаллобӣ, ҳаматарафа баланд бардоштани сатҳи маърифати молиявӣ оид ба хизматрасониҳои пардохтӣ ва технологияҳои инноватсионӣ.

Иштирокчиён муҳимияти баргузории Форумро дар ин мавзӯъ таъкид намуда, барои ҳар сол баргузор кардани чунин чорабинӣ изҳори умед карданд.

Иштирокчиёни Форуми «Роҳ ба сӯи иқтисодиёти ғайринақдӣ» муқаррароти зеринро қабул намуданд:

  • ҳар сол баргузор намудани Форум оид ба рушди хизматрасониҳои пардохтӣ ва низомҳои пардохтӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон;
  • таъмини дастрасӣ ба хизматрасониҳо ва маҳсулоти молиявӣ барои ҳамаи гурӯҳҳои аҳолӣ, тавассути рушди инфрасохтори хизматрасониҳои пардохтӣ ва ҷорӣ кардани технологияҳои инноватсионӣ, ҳамчунин ҳамкории бахшҳои давлатӣ ва хусусӣ, бозорҳои молиявӣ ва чакана;
  • баланд бардоштани сатҳи маърифати молиявӣ оид ба хизматрасониҳои пардохтӣ ва технологияҳои инноватсионӣ тавассути истифодаи манбаъ ва технологияҳои иттилоотӣ (интернет-портал, видеолексияҳо, аудио, иттилооти хаттӣ ва ғ.), афзун намудани эътимод ва таъмини ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасониҳои бонкӣ, маблағгузории хурд ва пардохтӣ.

Эъломия аз ҷониби иштирокчиёни Форуми «Роҳ ба сӯи иқтисодиёти ғайринақдӣ» қабул гардид.

Душанбе, 8 декабри соли 2017


Возврат к списку