Барориши пулҳои намунаи соли 2017 бо унсурҳои иловагии ҳимоя ва истифодаи онҳо тавассути терминалҳои худкор

Бойгонии ахбор
20.12.2017

Барориши пулҳои намунаи соли 2017 бо унсурҳои иловагии ҳимоя ва истифодаи онҳо тавассути терминалҳои худкор

Бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон (аз 15.08.2017, №100) ҷиҳати пурзӯр намудани унсурҳои ҳимоявии пулҳои коғазӣ ва сифатан беҳтар намудани муомилоти пулии кишвар, пулҳои коғазии арзишашон 10, 20, 50 ва 100 сомонии намунаи соли 2017 бо дарназардошти унсурҳои иловагии ҳимоявӣ ба муомилот бароварда шуданд.

Айни замон пулҳои коғазии мазкур дар ҳудуди кишвар ҳангоми ҳисоббаробаркуниҳо бе ягон маҳдудият мавриди истифода қарор доранд.

Инчунин, пулҳои коғазии намунаи соли 2017 дар аксарияти терминалҳои худкори худхизматрасони ташкилотҳои қарзӣ ва ширкатҳои тиҷоратие, ки бо қабули маблағҳо машғуланд, қабул гардида истодаанд.

Дар баробари ин, дар якчанд ташкилотҳои қарзӣ то ҳол ҳангоми қабули пулҳои коғазии намунаи соли 2017 тавассути терминалҳои худкор мушкилот ба назар мерасад.

Таъминоти барномавии навкардашудаи ширкате, ки ҳиссаи зиёди пулқабулкунакҳои терминалҳои худкор дар кишвар ба ин истеҳсолкунанда мансуб мебошад, дар терминалҳои худкори ташкилотҳои қарзӣ насб карда шудааст. Аммо бо сабаби мавҷуд будани носозиҳои техникӣ дар фаъолияти таъминоти барномавӣ, он ба истеҳсолкунанда барои такмил баргардонида шуд ва то бартараф кардани носозӣ, муваққатан таъминоти барномавии пешина ба кор андохта шуд.

Тибқи маълумоти ташкилотҳои қарзӣ то охири моҳи декабри соли 2017 носозиҳо дар таъминоти барномавии пулқабулкунакҳои терминалҳои худкор бартараф карда шуда, қабули пулҳои коғазии намунаи соли 2017 пурра таъмин карда мешаванд.

Айни замон аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ дар маҷмӯъ 1 518 адад терминалҳои худкори худхизматрасон барои ҷамъоварии пардохтҳо насб карда шудааст, ки беш аз аз 60 фоизи онҳо қабули пулҳои коғазии намунаи соли 2017-ро бе ягон мушкилӣ таъмин намуда истодаанд.

Масъалаи зикргардида аз ҷониби сохтори дахлдори Бонки миллии Тоҷикистон таҳти назорати ҷиддӣ қарор дорад.

Дар мавриди пайдо шудани мушкилот ҳангоми қабули пулҳои коғазии намунаи соли 2017 муштариён метавонанд ба Бонки миллии Тоҷикистон бо рақами 44 6001520 тамос гиранд, ё ба суроғаи электронии allomushtari@nbt.tj муроҷиат намоянд.

Шуъбаи матбуоти БМТ


Возврат к списку