Паём - роҳнамои рӯзгори неку пурсаодат

Бойгонии ахбор
22.12.2017

Паём - роҳнамои рӯзгори неку пурсаодат

Имрӯз, 22 декабри соли 2017 кормандони Бонки миллии Тоҷикистон дар маҷлисгоҳи бонк пахши мустақими телевизионии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамошо карданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаашон, ки фарогири соҳаҳои мухталифи кишвар мебошад, аз ҷумла қайд намуданд: 

“Соли ҷорӣ нишондиҳандаҳои макроиқтисодии кишвар дар сатҳи устувор нигоҳ дошта шуда, суръати рушди воқеии иқтисодиёт ба 7 фоиз ва ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 60 миллиард сомонӣ баробар гардид.

IMG_4704.JPG

Тибқи дурнамо дар се соли минбаъда ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ зиёда аз 30 фоиз афзоиш ёфта, то ба 82 миллиард сомонӣ расонида мешавад.

Вобаста ба ин, Ҳукумати мамлакатро зарур аст, ки натиҷаи ду соли татбиқи барномаро ҳаматарафа таҳлил карда, минбаъд ҳамаи имкониятҳои мавҷударо барои сифатнок амалӣ гардонидани он сафарбар намояд. Ҳамзамон бо ин, самаранокӣ ва қобилияти рақобати ҳамаи иқтидорҳоро ба таври назаррас баланд бардошта, ислоҳоти соҳаҳои иқтисоди миллиро идома диҳад.

Дар соли 2017 маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар нафар аҳолӣ нисбат ба соли гузашта 12 фоиз ва дар муқоиса бо нишондиҳандаи пешбинишудаи барномавӣ 8 фоиз зиёд гардида, даромади пулии аҳолӣ 10 фоиз афзоиш ёфт.

Рушди соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ, аз ҷумла саноат 21,5%, кишоварзӣ 7,2 %, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ беш аз 6%, савдои чакана 6,6% ва хизматрасонии пулакӣ 1,8% таъмин гардида, таваррум дар сатҳи 6,3% нигоҳ дошта шуд.

Қисми даромади буҷети давлатӣ, дар маҷмӯъ, иҷро шуда, ҳаҷми буҷети соли 2018 ба маблағи 21,3 миллиард сомонӣ ва назар ба соли 2017-ум 7,3 фоиз зиёд муайян гардид.

IMG_4748-02.jpg

Вазъи низоми пуливу қарзии кишвар, бахусус, фишори қурб ба асъори миллӣ, ноустувории сармояи бонкӣ, сатҳи нокифояи қарздиҳӣ ба иқтисоди миллӣ ва ҷалби сармоя моро водор месозад, ки дар ин самт тадбирҳои таъхирнопазир андешем.

Соли ҷорӣ ҳаҷми қарздиҳӣ аз ҷониби бонкҳо нисбат ба соли 2016-ум 4 фоиз коҳиш ёфт. Чунин вазъ дар натиҷаи фаъолияти суст ва саҳлангории роҳбарону масъулони як қатор бонкҳои тиҷоратӣ, аз ҷумла “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк” ба амал омад.

Баъди сармоякунонии давлатии ду бонки низомсоз ҷиҳати беҳтар намудани вазъи молиявии онҳо ва пардохти пасандозҳои мизоҷон як қатор корҳо ба анҷом расонида шуданд. Вале корҳои иҷрошуда барои пурра солим гардонидани вазъи молиявии ин ду бонк кофӣ нестанд.

Аз ин хотир, Ҳукумати мамлакатро зарур аст, ки нақшаи таҷдиду солимгардонии ҷамъиятҳои саҳҳомии “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк”-ро дар муҳлатҳои кутоҳтарин таҳия ва амалӣ намояд.

Пасандозҳои ташкилотҳои қарзӣ ба санаи 30 ноябри соли 2017 маблағи қариб 9 миллиард сомониро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2016-ум 464 миллион сомонӣ ё 5 фоиз кам шудаанд.

IMG_4708-03.jpg

Таҳлили сохтори қарзи ҷудогардида дар 11 моҳи соли 2017 нишон медиҳад, ки ҳаҷми он ба соҳибкории истеҳсолӣ ҳамагӣ 4 фоиз ва ба соҳаҳои хизматрасонӣ 43 фоиз зиёд шудааст. Чунин вазъ ба суръати рушди соҳаҳои воқеии иқтисод ва махсусан, ба раванди саноатикунонии кишвар таъсири манфӣ мерасонад.

Вобаста ба ин, Бонки миллиро зарур аст, ки дар самти гузаронидани ислоҳоти зарурии пуливу қарзӣ, муътадил нигоҳ доштани қурби пули миллӣ, сатҳи нархҳо, фаъолияти бонкҳо, назорати риояи қонунгузории бонкӣ ва такмили он, паст кардани дараҷаи хавфҳо ва ҷорӣ намудани усулҳои идораи корпоративӣ чораҳои мушаххас андешад.

Бо мақсади танзими хизматрасониҳои пардохтӣ, осон ва шаффоф гардонидани амалиёт, кам намудани истифодаи пули нақд дар муомилот ва вусъат бахшидани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ тадбирҳои зарурӣ амалӣ шуда истодаанд. Дар ин самт инфрасохтори зарурӣ бояд бо дарназардошти таҷрибаи байналмилалӣ ташаккул дода шавад. Аммо таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки гарчанде соли сипаришуда шумораи дорандагони кортҳои пардохтӣ 5,5 фоиз зиёд шуда, 1,7 миллион нафарро ташкил додааст, вале то ба ҳол 95 фоизи амалиёти кортӣ бо гирифтани пули нақд вобаста мебошад.

Дар робита ба ин, Бонки миллӣ бояд назорати татбиқи Стратегияи рушди низоми пардохтро пурзӯр карда, доир ба насби терминалҳои пардохтӣ ва истифодаи васеи кортҳо чораҷӯӣ намояд.

Ҳамзамон бо ин, зарур аст, ки бо мақсади таъмини рақобати солим дар бозори хизматрасониҳои бонкӣ ва дастрасии аҳолӣ ба воситаҳои молиявӣ, инчунин, ҷалби бештари сармоя ба ин соҳа ҳадди ақалли сармояи ойинномавӣ барои бонкҳои навтаъсис, ки ҳоло 80 миллион сомониро ташкил медиҳад, 50 миллион сомонӣ муқаррар карда шавад.

Тайи ду соли охир ба иқтисоди миллӣ аз ҳамаи манбаъҳои сармоягузорӣ беш аз 22 миллиард сомонӣ равона ва аз худ карда шудааст, ки 6 миллиард сомонии онро маблағи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ташкил медиҳад”.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни Паёми худ зикр намуданд, ки “дастуру супоришҳои имрӯза, пеш аз ҳама, ба ҳифзи сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, ҳимояи истиқлолияти давлатӣ ва дастовардҳои халқи тоҷик равона гардида, таҳкими иқтидори иқтисодии мамлакат, фароҳам овардани шароити боз ҳам беҳтари зиндагӣ ва дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоштани обрӯи Ватани маҳбубамон — Тоҷикистон вазифаҳои аввалиндараҷаи мо маҳсуб меёбанд. Ҷиҳати ноил шудан ба ин ҳадафҳои олӣ моро зарур аст, ки барои боз ҳам ободу зебо гардонидани Ватани азизамон содиқона заҳмат кашем, корҳои бунёдкориву созандагӣ, дигаргуниҳои иқтисодиву иҷтимоиро ба роҳ монда, соҳибкориву сармоягузориро такон бахшем ва ҳарчи бештар ҷойҳои нави корӣ фароҳам оварда, самаранокии идоракунии давлатиро таъмин гардонем”. 

Шуъбаи матбуот


Возврат к списку