Мутобиқшавӣ ба талаботҳои Барномаи амнияти истифодабарандаи SWIFT

Бойгонии ахбор
22.12.2017

Мутобиқшавӣ ба талаботҳои Барномаи амнияти истифодабарандаи SWIFT

21 декабри соли 2017 дар Бонки миллии Тоҷикистон бо намояндагони ташкилотҳои қарзӣ – аъзоёни Нуқтаи дастёбии дастаҷамъии SWIFT-и Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати мутобиқшавӣ ба талаботҳои Барномаи амнияти истифодабарандаи SWIFT вохӯрӣ баргузор гардид.

Вохӯриро Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Машрабзода Ҳамидулло ҳусни оғоз бахшида, зикр намуд, ки бо мақсади пешгирии амалиётҳои қаллобӣ ва таъмини амнияти иттилоот дар низоми SWIFT, бояд ташкилотҳои қарзӣ аз тағйироту талаботҳои ҳамарӯзаи Ҷамъияти SWIFT огаҳӣ дошта бошанд. Аз ин рӯ, бо мақсади мутобиқшавӣ ба талаботҳои Барномаи амнияти истифодабарандагони SWIFT гузаштани раванди аттестатсия ҳатмӣ мебошад.

IMG_4657-1.JPG 

Дар вохӯрӣ бо намояндагони ташкилотҳои қарзӣ инчунин вобаста ба масъалаҳои раванди мутобиқшавӣ ба талаботҳои Барномаи амнияти истифодабарандаи SWIFT (CSP – Customer Security Programm) ва гузаштани аттестатсия Сардори бахши дастгирии техникии SWIFT Яҳёев Бахтиёр баромади мушаххас намуда, иттилоъ дод, ки айни замон ҳамаи ташкилотҳои қарзӣ аз раванди аттестатсия бомувафаққият гузашта, худро дар платформаи KYC-SA санҷиданд. Мавсуф аз ҷумла қайд намуд, мақсади асосии ҷорӣ намудани Барномаи CSP ин расонидани кӯмак ба истифодабарандагони SWIFT дар самти таъмини амният, ҳифзи инфрасохтори дохилӣ ва мубориза бар зидди қаллобӣ мебошад.

IMG_4639-2.JPG

Дар идомаи мулоқоти корӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи иттилоот дар ҷойи кории нуқтаи дастрасӣ ба низоми SWIFT, ҳифзи ҷойи корӣ, ҳифзи гузарвожаҳо ва соқиту қатъ намудани ҳуқуқу ваколатҳои истифодабарандагон дар ин низом сардори бахши ҳифзи иттилоот - Абдуллоев Шамсиддин ба саҳми иштирокчиён маълумоти муфассал манзур намуд. Дар қисмати муҳокима намояндагони ташкилотҳои қарзӣ ба суолҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд. 

Вохӯрии кориро Муовини Раиси БМТ Машрабзода Ҳ. ҷамъбаст намуда, изҳор дошт, ки чунин мулоқотҳо барои таҳким бахшидани ҳамкории судманд бо ташкилотҳои қарзӣ дар самти пешгирӣ намудани амалиётҳои барои низоми SWIFT хавфнок ва таъмини амнияти иттилоотӣ мусоидат хоҳад кард.

Шуъбаи матбуот


Возврат к списку