Шарҳи моҳонаи таваррум барои моҳи ноябри соли 2017

Бойгонии ахбор
25.12.2017

Шарҳи моҳонаи таваррум барои моҳи ноябри соли 2017

Раванди тағйирёбии нархҳои истеъмолии дохилӣ дар моҳи ноябри соли равон тавре интизор мерафт, муътадил боқӣ монда, сатҳи таварруми моҳона 0,3 фоизро ташкил дод.

Нишондоди мазкури таваррум асосан дар натиҷаи таъсири омилҳои мавсимӣ, аз ҷумла болоравии мавсимии нархи маҳсулоти алоҳидаи хӯрокворӣ (сабзавот ва меваҷот) ва коҳишёбии арзиши хизматрасонии пулакӣ ба вуқӯъ пайваст.

Сатҳи таварруми солона бошад (дар 12 моҳи охир) ба 6,7 фоиз расид, ки он дар муқоиса ба моҳи қаблӣ ба андозаи 0,3 б.ф. паст фаромада, ба сатҳи нишондиҳандаи дурнамои он барои соли 2017 ва ҳадафи муайяншуда наздик шуд.


Шарҳи бештар: Шарҳи моҳонаи таваррум барои моҳи ноябри соли 2017

Департаменти сиёсати монетарӣ, тадқиқотӣ ва рушд


Возврат к списку